Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа
Дар хотир бояд дошт, ки забони модарӣ дар ҳама давру замон чеҳра ва шинохти ҳар миллат буда, имрӯз низ дар муаррифии тамаддуну фарҳанг ва давлатдории миллии мо омили муҳим дониста мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Мо ҳеҷ гоҳ иқтидору имконоти забонамионро дар мақоми забони илм набояд нодида гирем ва онро камарзиш шуморем. Забони миллии мо тавоноии забони илмро, чунон ки аз аҳди Сомониён ва минбаъд дошта буд, ҳоло низ аз чунин имконот бархӯрддор мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокинони кишварро ба дӯш мегирад.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккул ва рушди минбаъдаи забони давлатӣ ва меъёрҳои адабии он заминаҳои мусоид фароҳам оварда, ҳама гуна маҳдудиятҳо ва монеаҳоро дар роҳи ташаккули забон бартараф созад.
Эмомалӣ Раҳмон
Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллист.
Эмомалӣ Раҳмон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё