Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

якдигарфаҳмӣ, яъне ҳамфикрӣ ва ҳамкорӣ дар иҷрои мақсадҳо ва вазифаҳои ташкилот.

Вақте Шумо мехоҳед дарк намоед, ки дар дили одам чӣ сирри пинҳон аст, ба рафтори ӯ назорат намоед. Инчунин эътибор диҳед, ки ҳамкорон дар бораи ӯ чӣ мегӯянд ва худи ӯ дар вақти сӯҳбат кадом имову ишораҳоро истифода менамояд.

Бинобар ин, фаъолияти менеҷерон ба он низ вобаста мебошад, ки онҳо чӣ тавр қобилияти гӯш кардан доранд, яъне аз коргари оддӣ то роҳбари болоии ташкилот шунида шумо дар бораи онҳо ахбори хуб пайдо менамоед. Аз тарафи дигар, одамон чун мебинанд онҳоро гӯш мекунанд, онҳо фикрҳои худро пурра кушода мегӯянд. Менеҷер бояд чунин рафтор намояд, ки барои шунидаи фикри корманди худ ҳавасманд ва кушодарӯӣ мебошад.

Ҳангоми сӯҳбат менеҷер бояд имкон диҳад, ки кормандон фикрҳояшонро пурра гӯянд ва агар нофаҳмо бошад такрор кунанд. Фикрро пурра қабул намуда, агар барои дарёфти ҷавоби пурра, ё роҳи ҳалли пурраи масоил аз корманд суол намоед аз фоида холӣ намебуд, чунки корманд қабул дорад, вақте ки Шумо фикри ӯро то охир мешунавед. Барои сӯҳбати озод, пеш аз ҳама ҷои мувофиқро интихоб намоед, чунки одамон вобаста ба он, ки чӣ тавр ва дар куҷо нишастаанд, суханашонро иброз медоранд. Мисол, вақте ки одамон ба пеш такя карда, дар стул нишаста сухан мегӯянд, тайёр ҳастанд, ки бо Шумо рӯйрост сӯҳбат карда, ҳамкорӣ намоянд.

Аксари коргарон аз нобоварӣ ба худ азоб мекашанд ва дар иҷрои кору хизматҳо низ сустиродагӣ мекунанд. Яке аз вазифаи менеҷер аз он иборат мебошад, ки ин гуна одамонро дилбардорӣ намуда, онҳоро бовар кунонанд, ки имкони иҷрои дурусти корро доранд.

Умуман, қариб тамоми одамон, махсусан занҳо ба таърифу тавсиф эҳтиёҷ доранд ва онро мехоҳанд. Бинобар ин, тавсиф яке аз роҳҳои асосӣ ва самараноки ҳавасмандкунӣ мебошад. Пеш аз тавсиф, аниқ намоед, ки шахс ба он арзанда мебошад, вагарна ин самараи хуб намедиҳад. Аз таърифи дурӯғ ва барзиёд худдорӣ намуда, воқеияти корро рӯйрост фаҳмондан беҳ мебошад, нисбати дурӯғ гуфтан. Дар вақти муҳокима бояд ҳамаи аъзоёни даста иштирок намоянд.

пешина
аз 522
навбатӣ