Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

сифати корҳо танбал буда, хоҳиши дигар кардани раванду қоидаи кориҷюрокунии яъне аз мушкилӣ мегурезанд. Аксари ин кормандон, мутахассисоне мебошанд, ки синну солашон аз 50-сола боло буда, аллакай дигар кардани усули кор барои онҳо мушкил мебошад.

Маҳз бо ин сабаб, хуб мебуд, ки пайдарпайиро тибқи як барнома дар давоми 3-6 моҳ ё ин ки як сол, баъдан барномаҳои дигари нав ба нав ташкил намоем. Дар натиҷа усули нав ва мавзӯи нав пайдо мегардад. Барои боз ҳам пешонидани ин ҷараён хуб мешуд шахсони нави кордонро ба кор қабул намоем, то ки масъулиятро ба дӯши худ гирифта, дигаронро аз паси худ бубаранд. Онҳо метавонанд самти инкишофу дастовардҳоро дуруст дарёфт кунанд.

Баландбардории сифати иҷрои корҳо ва хизматҳо имкон медиҳад, ки сифати молҳо беҳтар карда шаванд ва дар натиҷа талаботи истеъмолкунанда таъмин карда мешавад.

Ҳар қадар ба кормандон масъулиятнокиро баланд намоед, ҳамон қадар ҳавасмандии онҳо зиёд мегардад, яъне агар адолатпарастӣ дар кори роҳбар бисёртар дида шаваду кормандон бисёртар инро дарк намоянд, ҳамон қадар кор пеш меравад.

Барои аниқ кардани чунин адолатпарастӣ ҳар як роҳбар бояд аз худ чунин суол намояд:

  • ба одамон имкон медиҳам, ки барои сифати кори хубаш фахр кунад; * доимо ман дар ҷустуҷӯи роҳҳои мустаҳкам намудани муҳити рӯҳии одамон мебошам?
  • дар дохили ташкилот дастаи мустаҳками мутахассисонро ҷамъ овардаам ё не?
  • ба натиҷагирии самараноки ҳаррӯза ноил гаштаам, ё не?
  • мақсадҳое, ки ман мегузорам, одамонро ҳавасманд мекунанд, ё не?

Барои иҷрои доимии суолҳои дар боло овардашуда бояд қоидаи фаъолияти ҳаррӯзаи Шумо ҳамчун роҳбар чунин бошад: «Аз аввал ҳамаи корҳоро дуруст иҷро намо». Таҷриба нишон медиҳад, ки мо аксар маврид барои баҳо додани кори устои бузург, ё худ донишманд, шахсеро назоратчӣ равон месозем, ки ӯ худ ҳанӯз дар кордонӣ пухта набуда, метавонад эродҳои нодуруст гирад, ки дар натиҷа ҳавасмандии усто гум мешавад.

пешина
аз 522
навбатӣ