Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ягона воситаи ҳавасмандкунии кормандон набошад ҳам, миқдоран кам будани он ҳавасмандии кормандонро паст мекунад.
Дараҷаи музди меҳнат, пеш аз ҳама ба он вобаста мебошад, ки моли истеҳсолкардаи мо дар бозор ба кадом арзиш фурӯхта мешавад, яъне харидор чӣ миқдор ба мо пул медиҳад. Баъдан мо андеша менамоем, ки чӣ миқдор коргар дошта бошем ва кадом ставкаи музди меҳнатро ҷорӣ намоем, ки самаранокии кори моро таъмин месозад. Бояд доимо таносуби ҳосилнокии меҳнат ва музди меҳнат дар ташкилот нигоҳ дошта шавад.
Шакли оддии музди меҳнат ин музди корбай мебошад. Ин шакли музди меҳнат барои ҳар чӣ зиёд намудани ҳосилнокии меҳнат хизмат мекунад. Мисол, корманд агар барои баровардани 1 дона компютер 10 сомонӣ гирад, барои 10 дона 100 сомонӣ, барои 100 дона аллакай 1000 сомонӣ маош мегирад.
Аммо дар аксари ташкилотҳое, ки дар онҳо технологияи баланди корӣ ва ахборӣ хизмат мерасонад ва сифати баланди кор талаб карда мешавад, чунин шакли музди меҳнат қабул намебошад.
Шакли дуюми музди меҳнат вақтбай қабул шудааст, ки он вобаста аз сифати кор ва вақти сарфшуда, қобилияту кордонӣ ва шиддатнокии кор муайян шуда, дар шакли оклад, ставкаҳои вақтбай ва мукофотҳо дода мешавад. Музди меҳнати иловагӣ дар шакли окладҳои иловагӣ ва мукофотҳо барои дастовардҳои махсуси кормандон дода мешаванд. Махсусан мукофотро бояд ба ихтиёри коллективе, ки онро ба даст овардааст, гузоштан лозим, то онҳо худашон раванди тақсимоташонро муайян созанд.
Мукофотро низ ба ҳама боадолатона тақсим нанамоед, чунки баъди чанде он моҳияти худро гум карда, ҳамчун қисми асосии даромад баромад карда, функсияи асосии худ ҳосилнокии баланди меҳнатро таъмин карда наметавонад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки шакли қабули мукофот дар се дараҷа самараи худро додааст: ташкилот, даста ва корманди алоҳида. Дар дигар ҳолат агар ташкилот хуб меҳнат кунад, корманд ба маоши асориаш боз маоши иловагӣ мегирад.
Чунин қоида барои даста низ истифода карда мешавад. Мукофоти алоҳидаи кормандон моҳияти калон дошта, мазмунан ва миқдоран баланд буда, ҳавасмандии кормандонро хеле баланд мебардорад ва барои иҷрои барзиёди меъёри кору хизматҳо, ё барои меҳнати пешравии ғоиб ва ё барои сифати баланди кори усто

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё