Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Бевосита ба «таъсиррасонӣ» гузаред, чунки акнун даврае мерасад, ки корманд аллакай дарк кардааст, ки аз уҳдаи талаботҳои усули нави корӣ ва эҷодкорӣ худаш танҳо намебарояд ва бояд бо коллектив, бо мураббӣ дар машварат бошад ва бо дигарон дар якҷоягӣ кору фаъолият намояд. Дар ин давра ақидаҳои хуби кормандро дастгирӣ намуда, ӯро ҳавасманд гардонидан лозим аст.

Аз гуфтаҳои боло хулоса мебарояд, ки усули мураббигиро вобаста ба ҳолатҳо, яъне пешравӣ ё худ азхудкунии кормандон, усули кордонии навро татбиқ кунем. Дар ин ҳолат метавонед, ки таъсир расонед. Дар ҳолате, ки худаш мураббӣ аз инкишоф қафо мемонад, кори вай натиҷа намедиҳад. Чунки дар ҳар ташкилот ҷавононе пайдо мегарданд, ки «имконияти баланди зеҳнӣ» дошта, донишмандию боақлии онҳо тез ба атрофиён таъсири худро мерасонанд. Дар натиҷа мураббӣ обрӯю эътибори худро аз даст медиҳад. Бинобар ин, мураббӣ доимо аз болои худ бояд кор кунад, сифатҳои волои кордонӣ — хирадмандиро дар худ пайдо намояд. Чунин рафторҳо ба шогирдон, аъзоёни коллектив низ омӯзонда, аз дониши онҳо истифода намояд.

Мувофиқи назарияи рӯҳшинос Дэниел Гоулмен муваффақияти соҳибкорӣ аз ҳолати эҳсосотӣ ва зеҳнии одамон нисбат ба дониши академикии онҳо бисёртар вобаста аст. Касоне, ки қобилияти баланди зеҳнӣ ва эҳсосотӣ доранд, дар худшиносӣ ва худинкишофёбӣ фарқ мекунанд. Инчунин ин гурӯҳи одамон тез дар дили атрофиён ҷой ёфта, қобилияти баланди ба одамон таъсиррасонӣ доранд. Мураббӣ низ бояд чунин хислату қобилиятро доро бошад ва ба дигарон низ омӯзонад. Шахсоне, ки қобилияти эҳсосотӣ ва зеҳнии баланд доранд, аксар маврид пешомадро тезтар ҳис карда, норизогӣ низ менамоянд ё дар вақти маҷлис метавонанд якбора фикру ақидаҳои хуби Шуморо рад карда, одамонро ба тарафи худ баранд. Бинобар ин, хуб мебуд, агар доимо барои чунин ҳолатҳо худро тайёр менамудед ва он навоварӣ ва пешниҳодҳою супоришҳое, ки медиҳед, пурра ва ҳаматарафа фикр карда бароед ва ҷавобу роҳи дурусти оптималиро дошта бошед, яъне Шумо низ дар худ сифатҳои қавииродагӣ, кордонӣ, ҳозирҷавобӣ, суолу ҷавоб ва муборизаи ақлониро кор карда баромада, дар вақти зарурӣ истифода намоед. Барои ин доимо аз худ пурсида истед:
❖ оё ман камбудию норасогии худро медонам?

пешина
аз 522
навбатӣ