Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Қариб 60% амрикоиҳо ва аврупоиҳо ҷавоб гардонидаанд, ки «кӯдакро наҷот медиҳам» ва 40% аз онҳо «занамро наҷот медиҳам». 90% мусулмонон ҷавоб додаанд, ки «модарамро наҷот медиҳам». Аз рӯи ақидаи мусулмонон чунин хулосаронӣ кардан мумкин аст, ки шояд оилаи нав барпо намуда, боз кӯдакдор шавӣ, аммо модарро дигар пайдо карда наметавонӣ.

Ин мисол гуногунию мураккабии маданияти халқу миллатҳо, дину оин ва анъанаҳои онҳоро нишон медиҳад. Бинобар ин, фаҳмидани одамони фарҳанги гуногун, ки чӣ мегӯянд, чӣ фикр мекунанд, ё худ чӣ рафтор доранд, ниҳоят мушкил аст. Ҳамин тавр, решаи хислати миллӣ, ки дар рафтор, гуфтор ва фаъолияти шахсони алоҳида дида мешавад, нишондиҳандаи асолати фарҳангии онҳо аст.

Маданият - ин худ маҷмӯи ақоид, муносибати иҷтимоӣ, арзишҳо ва фаҳмишҳои ҳаётии гурӯҳи муайяни одамон мебошад. Бинобар ин, хислати миллии шахс ҳамчун рафтори дастаҷамъист, ки дар мафкураи шахси алоҳида чун меъёри арзишманди иҷтимоӣ ташаккул ёфта, дар тӯли ҳаёт пос дошта мешавад.

Дар Аврупо, Амрико, Россия, Тоҷикистон ё Қазоқистон ва ғайра арзишҳои маданӣ қисми таркибии рафтору кирдори одамон мебошанд. Бинобар ин, онҳо ба сохтор, усул ва шакли идоракунӣ таъсири калони худро мерасонанд, аммо, вақте ки шахс чун роҳбар ба дараҷаи хирадмандӣ мерасад, дорои чунин хусусиятҳои хосае мешавад, ки он аз маданияти маъмурии он халқу миллати худ фарқ менамояд:

  1. Дар ширкатҳои глобалӣ, ки тарҳи умумии рафтори роҳбарӣ қабул карда мешавад, маданияти корӣ нисбат ба маданияти миллӣ афзалиятнок мебошад.

  2. Усули роҳбарин хирадмандон аз маданияту усули умумиқабулшуда фарқ дошта, арзишҳои баланди инсониро дар бар мегирад.

  3. Дар идоракунии ташкилотҳои байналхалқӣ унсурҳои беҳтарини маданияти халқҳои гуногун ба инобат гирифта мешаванд.

  4. Гуногунрафтории одамон, муҳит, хислат, эҳсосот, забону гуфтор ва муомилаи онҳо аз тарафи роҳбари хирадманд якхела қабул шуда, фақат бо як дониши хеле баланди кордонӣ ва рафтори ҳамидаи роҳбарӣ ҷавоб гардонида мешавад.

пешина
аз 522
навбатӣ