Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

меистанд, яъне технологияи замонавии истифодаи вақтро дар асри XXI дар шакли шуури нав «шуури электронӣ» бояд шинохт. Системаи электронии «Интернет» барномаҳоеро кор карда баромадааст, ки онро бе ягон шубҳа ба системаи асаби инсон ташбеҳ додан мумкин мебошад. Системаи асаби электронӣ имкон медиҳад, ки ҳолатҳоро таҳлил карда, хатарро ё имконотро муайян сохта, худ як рефлексе пайдо мекунад, ки дигар бе он зиндагӣ карда наметавонед. Аз дигар тараф системаи асаби электронӣ ба мо имкон медиҳад, ки ҳолатҳоро таҳлил намуда, қарори дурусти роҳбарӣ қабул намоем. Асаби ҳар як шахс дар замон ба ӯ ахбори фаврию оид ба хатар, баду нек, рост ё дурӯғ, ҳолатҳо, дардҳо, инкишоф медиҳад ва ӯ фавран чораҷӯӣ менамояд.

Акнун инкишофи электронӣ низ ба дараҷае расидааст, ки ташкилот инчунин метавонад ба асаби электронӣ соҳиб гашта, ҳар замон ба роҳбарон, менеҷерон фавран хабар дода истад ва қарори фаврии идоракунӣ қабул гардад, ки ин элементи асосии «Инкишофи босубот»-и ташкилот мегардад. Аз тарафи дигар доштани чунин асаби электронӣ имкон медиҳад, ки менеҷменти ташкилот ҷавоби фаврии ҳолатҳоро дода, дар саривақт аз имконот истифода бубарад, ахбори заруриро ба ҳамаи аъзоёни коллектив - даста расонад то ба ахбори нодуруст ва қабули қарори нодуруст роҳ надиҳанд.

«Системаи асаби электронӣ»-и ташкилот бояд ҳамчун системаи асаби инсон фаъолият намуда, ахбори зиёдро дар вақти зарурӣ ба миқдори зарурӣ таъмин созад. Яъне ин кулли ҷараёни электроние мебошад, ки ташкилот ба пешрафти ҷомеа назорат намуда, рафтори худро аниқ месозад. Барои ташкили «Системаи асаби электронӣ»-и ташкилот таҷҳизот ва барномаҳои махсус лозим мебошанд, ки аз компютери оддӣ сар карда то таҷҳизотҳои махсус ахборро аниқ, таъҷилӣ, дуруст ва пурра таъмин сохта, барои кормандони донишманду қобилияти баланди зеҳнӣ дошта, имкони кори коллективонаро таъмин созанд ва қарори идоракунии дурусти саривақтиро барои менеҷменти ташкилот ва ҳар як менеҷер пешниҳод намоянд.

Бо мақсади барпо сохтани «Системаи асаби электронӣ» ва беҳтар кардани
фаъолияти менеҷмент дар асоси системаи ахбории электронӣ бояд ҳар як
корманд ва роҳбарони болоӣ пурра дарк намоянд, ки то чӣ андоза ҳамчун як
маданияти нави соҳибкорӣ, дар навбати аввал худи роҳбар бояд пурра фаҳмиш

пешина
аз 522
навбатӣ