Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

д) баҳодиҳии вертикалӣ. Ҳар як менеҷер оид ба кормандон боз бидуни
худдорӣ, оиди фаъолияти Шумо фикру ақидаи хос дорад;

е) баҳои истеъмолкунанда — мизоҷон ва шахсони беғараз;

ж) баҳодиҳии аз рӯи нуру супоришҳои алоҳида — натиҷаи фаъолият;

з) баҳодиҳии ҷараёни истеҳсолӣ ва муносибатҳои истеҳсолӣ. Вобаста аз
ҷорӣ кардани технологияи нав, истеҳсолот, сохтмонҳои нав, кормандони
нави ҷавон ва ғайра;

к) баҳодиҳии фаъолияти ташкилот — оиди натиҷаи умумии фаъолияти ташкилот, беҳтар шудани технологияи истеҳсолӣ, ҷустуҷӯи имконоти нави беҳтар кардани ҳолати ташкилот.

  1. Ҷорӣ намудани се қоидаи асосӣ дар ташкилот: саривақт, кӯтоҳ, имконпазир, ки барои беҳтар намудани якчанд равандҳои асосии ташкилот равона карда шудааст, яъне ҳар як корманд чӣ навоварӣ аслӣ намояд, ҳар як бригада ва ё шӯъбаи алоҳида кадом тағйиротҳоро ҷорӣ намояд, ва фаъолияти ташкилот беҳтар гардад.

  2. Натиҷаи баҳодиҳиро муҳокима ва ҷамъбаст намуда, зиддиятҳо ва камбудиҳоро бартараф созед ва ба пешқадамон мукофот диҳед.

  3. Кори баҳодиҳандагонро низ баҳо дода, воқеӣ ва ё ғайривоқеӣ будани онҳоро нишон диҳед. Диққати асосиро ба шаффофияти ахбор, дурустии он, беғаразӣ ва натиҷагирии баҳодиҳӣ додан лозим аст.

  4. Дар ҳар як ҷамъомад, қоидаи асосӣ — омӯзиш, яъне чизи навро мо аз худ намудем ва дар ташкилот кадом навоварӣ ҷорӣ намудем.

  5. Системаи фаъоли ҳавасмандӣ ва нодоркунӣ ҷорӣ намуда, фаъолон доимо бояд мукофотонида шаванд.

  6. Дар ҳама ҳолатҳо арзишҳои баланди инсонӣ қадру қиммати худро дошта бошанд ва дар навбати аввал ба инобат гирифта шаванд.

  7. Ахбори баҳодиҳиро ҳамчун сарчашмаи омӯзиши масоил баҳогузорӣ намуда, аз хатоҳои дигарон омӯхта, самаранокии кори ташкилотро баланд бардоред.

Аз қоидаҳои боло маълум мегардад, ки ҳар як корманд дар ташкилот аз чор тараф баҳогузорӣ карда мешавад, ки баназаргирии онҳо шарти зарурӣ мебошад.

пешина
аз 522
навбатӣ