Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Дар ҳолати ҳамаи камбудиҳоро ба сари як ё ду нафар вогузоштан, ки аслан гунаҳкор нестанд, қоидаи муносибатҳо вайрон карда мешавад. Дар асл шояд ин кормандон дар дигар коллектив ва ё даста хеле хуб фаъолият менамоянд. Бинобар ин, дар ин ҳолат хуб мешуд агар ин кормандонро ба дигар сохтор, ё коллектив интиқол диҳем ва самаранокии бештар мегардид.

36.2. Санъати идоракунии муноқиша

Муноқиша ва идоракунии он ҷараёни мураккабе мебошад, ки аз роҳбар эҳҷути хеле зиёд, дониш ва кордонӣ талаб менамояд. Сарвар дар ҳамон ҳолат ба иҷрои вазифаи худ баромада метавонад, агар оиди муноқиша, сарчашмаҳои пайдоиши он, сабабҳо ва шахсоне, ки онро ба миён оварданд, ахбори пурра ва аз ҷиҳати илмӣ, ҳуқуқӣ, меъёрӣ асоснок дошта бошад.

Ин масоили муҳимро ба осонӣ ҳал намудан имконпазир мебошад агар:

  1. Тамоми ахборе, ки роҳбар қабул кардааст, бо мақсади ягона ва беҳтаршавии кору фаъолият равона шуда бошанд.
  2. Маълумот оиди масоил аз сарчашмаҳои аниқе, ки барои он ҷавобгӯй ҳастанд, омада бошад.
  3. Дурӯғ, фиребгарӣ, дурӯягӣ, хешутаборчигӣ, хотирбинӣ ва дигар мақсадҳои гараннок вуҷуд надошта бошанд.
  4. Алоқаи бетанаффуси баръакс ва қабули он ва муҳокимаи саривақтии он.
  5. Қабули қарори идоракунӣ оиди бартараф намудани сабабҳои сар задани муноқиша, норозӣгӣ ва ҳавасмандии кормандоне, ки ҳолатро баҳои дуруст дода, пеши роҳи муноқишаро гирифтанд.

Дар ташкилоте, ки қоидаи худидоракунӣ бештар амал мекунад, шӯъба, гурӯҳ, коллектив аксар маврид ӯҳдадор мешавад, ки муаммоҳоро ҳал карда, нагузоранд, ки муноқиша ба миён биояд. Вобаста ба ин, коллективи хурд, бригада, ё шӯъба метавонад қоидаҳои зерини худидоракуниро ҷорӣ намоянд:

  1. Муҳокимаи рӯирост ва воқеии бурду бохти коллектив - бригада ё шӯъба.
  2. Муҳокимаи ҳавасмандии тарафҳо, масъулияти шахсони алоҳида, хоҳиш ва рафтори онҳо, дастгирии якдигарӣ.
пешина
аз 522
навбатӣ