Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Дар шароити имрӯзаи инкишофи иқтисодӣ, ки ба ҳолати рӯҳии одамон вазнинии зиёдро овардааст, менеджмент бояд уҳдадориҳои зерини инкишофи тафаккури одамонро дошта бошад:
-
Мотивация - фаҳмонда додани моҳият, манфиат, мақсад ва натиҷаи ин ё он тағйироти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ. Таҳлил ва фаҳмондадиҳии ҳолатҳои ғайримуқаррарии инкишофи соҳаҳо. Моҳият ва натиҷагирии меҳнати бошуурона, натиҷаи манфии рафторҳои ғайришуурукӣ ва ғайра.
-
Моҳияти меҳнат ва мазмуни он. Ташкили мактабҳои махсуси касбомӯзӣ.
Баландбардории мавқеъ ва қадршиносии меҳнат дар ҳаёти инсонӣ, баҳои мусбӣ додани меҳнати ҳалолу поки инсонӣ. Омӯзиши ҳаматарафаи мушкилии меҳнат, мазмун ва натиҷаи он. -
Таҳлили ҳаматарафаи тағйирёбии муҳити зист. Ҳолати истифодаи захираҳо, ташаккули шуури экологии одамон, тарбияи инсондӯстӣ ва рафтори неки инсонӣ. Мавқею мароми инсон дар табиат ва ғайра.
-
Мавқеи таърихии инсон аз нигоҳи вақт. Таҳлили давомнокии умри инсон дар муқоиса ба мавҷудияти олами воқеӣ, гардиши вақт, қувва ва фаҳмиши одамон, моҳияти худошиносӣ ва таълиму тарбияи рӯҳии одамон.
-
Хусусияту қобилияти хоси ҳар як фард. Захираи қобилияти зеҳнӣ.
Мавқеъ ва мароми ӯ, фарзанд, оила, авлод, миллат ва ғайра.
Албатта, қабули ҳамаи он мафҳумҳое, ки дар боло гуфта гузаштем, барои одамон якхела нестанд, вале чунин меъёрҳо ва ҷорӣ кардани он дар менеджмент, дар ташкилот барои аксарият мақбул буда, натиҷаи хуби иҷтимоию рӯҳӣ ва иқтисодию сиёсӣ ба бор меорад.
Бояд қайд кард, ки тезутундшавии диққат, фикрронӣ ва фаҳмиши одамон солҳои охир бештар ба суръати тези инкишоф вобастагӣ дошта, онҳо имкон надоранд, ки чунин тағйирёбии босуръатро бапуррагӣ дарк намоянд.
Афзоиши босуръат мақоми фикррониро дар фосилаи вақт хеле кӯтоҳ менамояд ва шахсоне, ки табиатан хислати танбалӣ доранд, имкони пешравӣ наёфта, тез қафо мемонанд ва хоҳ нохоҳ асабонӣ мешаванд.
Аслан, омилҳои иҷтимоию психологие, ки сабаби асабонӣ шудани одамон мегарданд, инҳоянд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо