Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Моҳияти дуюми шуурнокии одамон аз он иборат аст, ки инсон дар натиҷаи дониши мустаҳкам пайдо намудан метавонад, худро омӯзад. Вақте ки инсон қобилияти худшиносӣ пайдо мекунад, метавонад рафтори худро назорат ва мақоми худро муайян намояд.

Моҳияти сеюми шуурнокии инсон дар он зоҳир мегардад, ки инсон худро шинохта, минбаъд фаъолияти мақсаднок намуда, дар назди худ масъалагузорӣ мекунад. Инчунин, ӯ қобилияти дарки масъала, мотиви фаъолият ва натиҷагирии онро дошта, вобаста ба он рафтор мекунад, яъне қарори мақсаднок қабул карда, иҷрои онро таъмин ва агар лозим донад, тағйирот ворид месозад.

Моҳияти чоруми шууринокӣ — мавҷуд будани баҳодиҳии эҳсосоти шахсиятҳо, дар муносибатҳои байни одамон буда, шароити асосии амалигардонии чор ҳолати дар боло гуфташуда ин забони инсон мебошад ва аз гуфтори ӯ андозаи инкишофи шуури шахсро метавонем муайян созем.

Шуурнокии ҳиссӣ дар шакли ҳиссиёт ва дарки масъалаҳо пайдо гашта, дар навбати худ дар ҳиссиёт ҳислатҳои алоҳидаи предметҳо ва дарки масъала мазмуни он баён мегардад. Бинобар ин, барои ҳар як одам рафтори имрӯзааш бо гузашта алоқамандӣ, ё худ вобастагӣ дошта, дар онҳо хотира оид ба ин ё он ҳодиса, ҳиссиёт ва дарки масъала, ки дар пештар дида буданд, боқӣ мемонад ва дар кадом ҳолате ки ин ҳодиса такрор нашавад, ҳамон хотироти пешина пайдо гашта, инсон вобаста ба он рафтор менамояд. Ҳодисаҳои рӯҳӣ, ки дар хотираи одамон боқӣ мемонад, якдигарро иваз карда хотираро боз мустаҳкам менамоянд ва оҳиста-оҳиста одамон оид ба ҳодиса ё худ предмет фаҳмиши воқеӣ пайдо карда, вобаста ба он рафтори худро низ дигар менамояд.

Ҳамин тариқ, шууринокӣ дар натиҷаи фикрронӣ мустаҳкам ва васеъ гашта, фаҳмиши одамон хеле пурқувват мегарданд. Ҷараёни фикрронӣ бевосита аз муқоиса, таҳлил, муҳокима ва муқоисаи воқеӣ ба мафҳум иборат буда, бо воситан ҳиссиёт ва даркӣ он сурат мегирад.

Ҳиссиёт, қабул, тасаввурот, фаҳмиш ва фикрронӣ ҷузъи асосии шууринокӣ
буда, дар худ диққатро тавлид месозад, ки он низ шарти зарурӣ мебошад. Маҳз
диққат шабакае мебошад, ки шуур аз он баҳра мегирад. Шууринокӣ ин худ на
танҳо инъикоси воқеии ҳодиса мебошад, балки муносибатро ба воқеият муайян
месозад, ки дар санъати менеҷмент омили муҳимтарин аст. Маҳз инъикоси

пешина
аз 522
навбатӣ