Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Асосҳои мантиқии фикрронӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим омӯхта мешавад, ки онҳо се намуди мантиқро ҷудо мекунанд:

  1. Мантиқи объективӣ ё худ «мантиқи ашё», ки аз одамон вобаста нест.
  2. Мантиқи субъективӣ, ки инъикоси мантиқи ашё мебошад.
  3. Мантиқи фикрронӣ, ки аз мантиқи субъективӣ баромада, мантиқи ашёро инъикос менамояд.

Ҳамин тариқ, мантиқи фикрронӣ мафҳуми васеи системаи қонунҳо ва шаклҳои объективии ба он итоаткунанда мебошад, ки унсурҳои фикрро ташкил медиҳад.

Бе таъсир ва мавҷудияти чунин қонуниятҳо алоқаи мантиқии раванди фикрӣ вуҷуд дошта наметавонад.

Зиддияти фикрронӣ ду шакл мешавад:

  1. Зиддияти мантиқии фикрронӣ.
  2. Зиддияти худин фикрронӣ.

Бояд қайд кард, ки фикррониро қисман ҳиссиёт ва фаҳмиш тадқиқ менамояд. Вазифаи фикрронӣ низ дар муайян сохтани мафҳумҳо, алоқаи онҳо, воқеият, сабаб ва ҳодисаҳо дар ҳолатҳои гуногун ва вақту замон мебошад.

Бинобар ин, тамоми намуди фикрронӣ ба беҳтаршавӣ ва инкишоф эҳтиёҷ дорад. Усулҳои фикрронӣ бошанд аз кулл ба фард ва аз фард ба кулл сурат мегирад. Аз дигар тараф фикрронӣ худ ҳаракати фикрҳо буда, доимо бояд аз як объект ба дигар объект, аз як нуқта ба нуқтаи дигар ҳаракат намояд ва моҳияти мантиқии ашё, алоқа ва инъикоси воқеии онҳоро нишон дода тавонад.
Аз ин нуқтаи назар яке аз раванди инкишофи фикрронӣ таҷриба мебошад, аммо бояд қайд кард, ки фикрронӣ боз дорои хусусияти хоси дохилаи худ буда, ба қобилияти ҳар як шахсият вобаста мебошад. Бинобар ин, роҳбароне, ки таҷрибаи якхелаи роҳбарӣ доранд, қобилияти якхелаи фикрронӣ дошта наметавонанд, чунки фикрронии дохилаи шахсият дар асоси хотирот ва донишҳое, ки дар хотироти ӯ вуҷуди бунёдӣ дорад, инкишоф меёбад. Албатта, шахсе, ки дорои чунин захира нест, қабули фикрронии таҷрибавиаш хеле мушкил буда, самараи кам медиҳад. Бояд қайд кард, ки фикрроние, ки натиҷаи мусбӣ, ё худ манфиати нав намеорад, сифат ва моҳияти худро гум мекунад. Омилҳои

пешина
аз 522
навбатӣ