Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Маҳз чунин як ҷараёни бемайлон талаботи асосии санъати роҳбарӣ буда амалигардонии ин фаъолият дар ташкилот имконият медиҳад, ки бо дониши инкишофи кормандон таъмин карда шавад ва маҳз бо ҳамин роҳ дар ташкилот роҳбар ба мақсадҳои олии худ расида, аз ҳолатҳои муноқиша баромада, муҳити солими рӯҳиро дар муҳити корӣ ва идоракунӣ ҳукмфармо намояд.

36.6. Маслиҳатҳои муфиди Стивен Р. Кови1

Агар Шумо ба наздикӣ бо касе вохӯрӣ дошта бошед, ба мулоқот тайёрии хуб бубинед.
Рӯйхати монеаҳоеро муайян созед, ки ба кори роҳбариатон халал мерасонанд ва барои роҳҳои бартараф намудани онҳо андеша намоед.
Одамонеро, ки мехоҳед бо онҳо ҳамкорӣ намоед, ҳаматарафа омӯзед.
Рафтор ва фаъолияти ҳаётии хешро зери таҳлили чуқур ва ҳаматарафа қарор диҳед.
Бурду бохтро баҳо дода, баъдан хулосаи зарурӣ бароред.
Ҳамкор ва ҳамнишини худ одамонеро интихоб намоед, ки модели ҳамранги фикрронии Шуморо доро бошанд.
Доимо ҳолати саломатии хешро назорат карда, шакли фаъолиятеро интихоб намоед, ки аз он ҳаловат бубаред.
Муваффақиятҳо ва пешравиҳоро муайян сохта, андеша намоед, ки чӣ имкони беҳтаршавии фаъолиятро доред.
Дар мақсадгузорӣ, инкишофи эҷодӣ ва маънавии хешро фаромӯш накунед.
Доимо нақшаи кории хешро дошта бошед.
Дар давоми рӯз ба суханҳои хеш ва суханҳои атрофиён диққат диҳед.
Муайян созед, ки то чӣ андоза фикрҳои «Ман вазифадорам» «Ман наметавонам» ва «Агар ман метавонистам»-ро истифода мебаранд.
Муамморо аз он муҳити корӣ ё оилавӣ интихоб намоед.

1 Кови С.Р. 7 навиков високоэффективних людей. МН ООО Попурри. 2004. — 576с.

пешина
аз 522
навбатӣ