Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
қадар вақт давом меёбанд. Боз он бартариятҳоро, ки дар натиҷаи сӯҳбат бо аъзоёни даста ва омӯзиши захираи худӣ муайян сохтаед, ба ҳисоб гиред.
Ҳамин тариқ, вақте ки сифатҳои мусбӣ ва хуби бартариятҳои хешро пурра муайян сохтед, фикри самараноки истифодабарии онҳоро намуда, инкишофро на фақат барои соли аввал, балки барои солҳои дуюму сеюм ва оянда таъмин совед.
Аз муваффақиятҳо набояд аз ҳад беш болида шуд, дар баробари ин ҳама бикӯшед, ки онро аз даст надиҳед. Дар хотир дошта бошед, ки кормандон ҳеҷ доимӣ набуда, ҳамеша дар як нуқта кору фаъолият намекунанд. Онҳо низ дар инкишоф буда, доимо аз як зина ба зинаи дигар ҳаракат мекунанд.
Бинобар ин доимо боз дар фикри тайёр кардани кормандони нав буда, барои онҳо шароит муҳайё намоед, то бартарии худро нисбат ба рақибон доимо нигоҳ доранд. Аслан бартарии дарозмуддат аз рӯи нишондиҳандаҳои зайл муайян карда мешаванд:
- Дурнамои истеҳсолот ва бозор. Таҳлили муҳити соҳибкорӣ.
- Тарафҳои бартариятноки бозор ва истеҳсоли моли нав ва хизматрасонӣ, яъне омӯзиши талаботи бозор.
- Имкониятҳои бозор. Омӯзиши рақибон.
- Навовариҳо ва қобилиятнокӣ. Таҳлили имкониятҳои дохилии ташкилот.
- Дастгирии ихтироотҳо ва навовариҳо.
Таҷрибаи соҳибкорон ва ҳодисаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки аксар маврид соҳибкорон як қатор имкониятҳо ва навовариҳоро аз худ карда мехоҳанд, ки якчанд раванди фаъолиятро инкишоф диҳанд, аммо дар натиҷа аз мақсади асосии ташкилот дур монда, мақсадгузории хешро гум намуда, бозорро аз даст медиҳанд.
Барои ба чунин ҳолатҳо дучор нагаштан зарур аст, ки доираи фаъолият ва давраҳои он пурра аниқ бошанд ва бидуни баромадан аз ин марз кору фаъолият намоед. Аз тарафи дигар ин кору фаъолияти Шуморо самаранок менамояд, чунки даста ва худатон фақат диққатро ба фаъолияти асосӣ равона менамоед. Оиди то ба охир нарасонидани мақсадҳо гуфтори халқӣ мавҷуд аст:
«Холаи ҳамакора, ҳамаи кораш нимкора», ё мегӯянд: «Як корро, ки сар кардӣ, дуруст иҷро карда ба сомон бирасон».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо