Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

намоед. Дар вақти реклама равандҳои мантиқиро истифода бурда, аз эҳсосот дур шавед.

Азбаски худи технологияи хизматрасонии бозор тез-тез тағйир ёфта меистад, лозим мешавад, ки технологияи хизматрасониро тез-тез иваз карда, аз пешқадамтарин воситаҳо истифода намоед.

Барои бурди стратегия моҳияти махсусро молиягузорӣ мебозад. Дуруст ва саривақт молиягузорӣ намудани стратегия имкон медиҳад, ки натиҷаҳои хуб ба даст оред. Бинобар ин, бояд ҳаҷми фурӯши молро аққалан барои 2 соли оянда аниқ муайян карда тавонед. Имконот ва эҳтимолияти тиҷоратро муайян карда, буҷаи лоиҳаро асоснок ва дар асоси дурнамо миқдори хароҷотҳои зарурӣ ва сарчашмаҳои молиягузориро доир ба ҳар як намуди фаъолият ва давраҳои иҷроиши он муайян карда, вобаста аз вақту миқдор молиягузориро таъмин намудан зарур мебозад. Мо дар мавзӯи гузашта қайд намуда будем, ки хуб мешуд агар захираҳоро ба 5 гурӯҳ ҷудо намоед. Хароҷотҳо низ мумкин аст, ки чунин ҷудо намоед: одамон, материалҳо, биноҳо ва таҷҳизотҳо, маблағҳои молиявӣ ахбор ва вақт. Доимо дар хотиратон андешаи онро дошта бошед, то ки ҳангоми кам шудани фурӯш, чораи зарурӣ дида шавад.

Амалигардонии нақшаи стратегӣ бе назардошти он амалиётҳое, ки пештар гуфта гузаштем ва дар баробари ин нишонагирӣ ба иҷрои мақсадҳои асосии ташкилот ғайриимкон мебошад. Доимо ба оянда нишонагирӣ дошта, самаранокии имрӯзаро таъмин созед. Қадами аввали амалигардонии стратегия муайян кардани соҳаҳои беҳтаршавии фаъолият аст. Бартариятҳоро бо дарназардошти имконоту тавоноӣ муайян созед. Доимо ба натиҷаи хуб ва истифодаи баланди имкониятҳо нишонагирӣ карда, дар ҳама ҳолат пайдарпапии истифодаи имконотро фаромӯш нанамоед. Соҳае, ки бартариятнок дониста шудааст, вобаста ба зарурат барои беҳтаршавӣ, дар навбати аввал молиягузорӣ намуда, онро инкишоф додан зарур мебозад. Тағйиротҳоро низ гурӯҳбандӣ намуда, онҳоро то ба 10 гурӯҳ ҷудо намоед. Дар вақти муайян кардани бартариятҳо табъи дурнамоиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳед, яъне таваккалкориро самараноқ истифода бубаред.

Доимо ҳушёрӣ ва зиракии иҷрои нақшаи стратегиро таъмин сохта, ба
тамоми тағйирёбиҳои ҳолатҳо тайёр бошед, чунки аз тағйирёбиҳои дурусти
нақшавӣ, ояндаи амалигардии мақсади асосии ташкилот вобаста мебозад, яъне

пешина
аз 522
навбатӣ