Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ибодатгоҳҳои масеҳиён ва мадрасаҳои мусулмонон давраҳои тӯлонӣ ягона марказҳои суханварӣ буда, дастхатҳои қадима дар он ҷойҳо нигоҳ дошта мешуданд.

Дар инкишофи суханварӣ ва инкишофи илми фалсафа, мантиқ, ситорашиносӣ мардуми Шарқ, махсусан тоҷикон, мақоми арзанда доранд. Беҳтарин суханварони Шарқ, тоҷикон ки то имрӯз аз осори бузурги онҳо тамоми ҷаҳониён истифода менамоянд, устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва чанде дигарон мебошанд, ки санъати суханвариро ба дараҷаи олӣ расонидаанд ва то имрӯз касе ба мартабаи онҳо расида наметавонад.

Ё ин ки суханвари бузурги қадим Марк Ситсерон (с. 106-43 то солшумории мо) қайд мекунад, ки “Шоирӣ модарзодӣ буда, вале суханварӣ дар раванди зиндагӣ пайдо мегардад». Чунин суханҳои бузург нишони он мебошад, ки менеҷерони ҷавон оид ба сухани зебо, бомантиқ, асоснок, андеша намоянд ва доимо кӯшиш ба он диҳанд, ки суханвари арзанда шаванд.

Риоя намудани қоидаи сухангӯй, мантиқи сухан, қобилияти гуфтани сухан, кӯтоҳ ва пурмазмун барои ҳар як роҳбар шарти зарурӣ мебошад. Ин талабот чунон мушкил мебошад, ки ҳатто суханварони таҷрибадор низ пеш аз баромадашон доимо тайёрӣ мебинанд. Мақсади асосие, ки дар навбати аввал суханвар дар пеши худ мегузорад, чӣ тавр шунавандаро ба худ ҷалб сохтан аст. Бинобар ин, қадами аввал бояд аз сухане оғоз гардад, ки барои шунавандагон маълум набошад, яъне чизи нав ва диққат ҷалбкунанда буда, қисми зиёди одамон ба он масъала таваҷҷӯҳ дошта бошанд, инчунин ҳалли он метавонад ба шунаванда низ манфиат биёрад ва саволҳое бояд ба миён гузорем, ки шунавандагон ба ҷавоби онҳо танқидӣ кашанд.

Аслан мантиқи суханварӣ ва тайёрӣ дар муҳите пайдо мегардад, ки ором аст. Талаботи дигари суханварӣ ахбори дурусти аниқ доштани суханвар ва истифодаи мантиқии он дониста мешавад. Суханвар инчунин қобилияти баланди актёрӣ низ бояд дошта бошад.

Роҳбари хирадманд, ки санъати баланди суханварӣ дорад, на фақат қисми фаъоли суханро, балки қисмати борики тахассусии онро низ содда намуда,

пешина
аз 522
навбатӣ