Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
-
Риояи қоидаҳо ва усулҳои баҳисобгирӣ.
-
Истифодаи тарз, шакл ва қолабҳои баҳисобгирӣ.
-
На ҳамаи ҳисоботҳои молиявӣ бояд кушода буда, сирри тиҷоратии корхона бояд нигоҳ дошта шавад.
-
Асосан, дар аксари давлатҳо қоидаҳои пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ дар асоси қонун сурат мегирад.
-
Қоидаҳои умумии бухгалтерӣ қариб дар тамоми мамолики ҷаҳон стандартҳои якхелаи худро дорад (GAAP).
Таҷрибаи соҳибкорони якчанд давлатҳои дунё нишон медиҳанд, ки шакли тайёр кардан ва сохтори ҳисоботҳо гуногун мебошанд, яъне дар қонунҳои ин мамолик қоидаҳои алоҳида қабул шудааст ва онро риоя бояд кард. Дар баъзе мамолики дунё бухгалтерони касбӣ тарзу усул ва қоидаҳои соддакардашудаи худро ҷорӣ месозад, ки ин ба мамлакати алоҳида ё худ ташкилотҳои ҳамкориҳои иқтисодии алоҳида хос мебошад.
Умуман, агар ба қоида ва қонунҳои GAAP такя намоем, ҳар як ташкилот, ҳангоми тартиб додани лоиҳаҳои мақсадноки стратегӣ шакли ҳисоботҳои молиявиро худаш интихоб менамояд.
Бинобар ин, дар ташкилотҳо ҳисоботи молиявии қариб якхела дида намешавад.
Бояд қайд кард, ки ба баҳисобгирӣ ва тартиб додани ҳисоботҳои молиявӣ омилҳои зерин таъсир мерасонанд:
-
Қонунҳо оид ба фаъолияти ташкилот.
-
Қоидаҳои байналхалқии баҳисобгирӣ.
-
Ташкилотҳои давлатии танзимгар.
-
Таҷрибаи давлатҳои пешқадам.
-
Органҳои андози мамлакат.
Аслан талабот барои ҳама гуна ҳисоботи молиявӣ аз чор қоидаи муҳим иборат мебошад: пайдоиш; боаклона; пайдарпай ва воқеӣ.
- Пайдоиш — дар ин қисмат асосноккунӣ, зарурияти фаъолият, сарчашмаи даромад ва хароҷот ба инобат гирифта мешавад. Агар мол ба кредит фурӯхта шуда бошад ҳам бояд дар ҳисобот дарҷ гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор