Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Дар баробари донистани баҳисобгирӣ ба менеҷер зарур аст, ки аз хусусияти хоси соҳибкорӣ ва давраҳои он бохабар бошад. Дар тамоми соҳибкорӣ ду давра ё худ сикл дида мешавад:
- Истеҳсолию тиҷоратӣ.
- Сармоягузорӣ.
Давраи истеҳсолию тиҷоратӣ гуфта, ҷараёнеро меноманд, ки ташкилот молҳо ё худ хизматрасониро харидорӣ менамояд, ба назардошти он ки бо фонди фурӯш ва ғайра.
Сармоягузорӣ нишондиҳандае мебошад, ки чӣ миқдор воситаҳо барои сохтмони заводу фабрикаҳо, харидани технологияи пешқадам сарф карда шудаанд, то соҳибкорӣ ташкил карда шавад.
Бояд қайд кард, ки давраи дуюми соҳибкорӣ новобаста ба каме мушкил будан устувор мебошад, яъне он ташкилоте, ки заводу фабрикаи худро сохта, аз технологияи навини истеҳсолӣ истифода мебарад, ояндаи дурахшони соҳибкорӣ дошта, ба тағйирёбии ҳолатҳо тобовар ва фаъолияташон устувор мебошад. Қисми поёнии ҳуҷҷати фоида, ё зарари ташкилот андозҳо ва фонди қарзҳо мебошанд.
Баъд аз он ки фонди тиҷоратӣ муайян карда мешавад, бояд фикри додани андоз ва фоизи қарзро дошта бошед, чунки аксар маврид аз бепарвоии роҳбарон ин фоизҳо боиси барҳам хӯрдани ташкилот низ мегарданд.
Мувофиқи талаботҳои санъати менеҷмент хуб мебуд, ки ташкилот бар рӯи имконот аввал бо андоз ва фоизҳо ҳисоббаробарӣ менамуд. Дар ҳақиқат дар таҷриба ҳолатҳое мешаванд, ки хароҷотҳои пешгӯинашаванда ё худ даромадҳои пешгӯинашаванда пайдо мегарданд, ки онҳо дар хатти алоҳида навишта мешаванд.
Дар ин ҳолат низ бо истифода аз имконот саривақт бо қарздорон ҳисоббаробар кардан лозим мебошад.
Дар охир баъди додани андозҳо ва фоизи қарзҳо фонди тақсимнашуда боқӣ мемонад, ки қоидаи истифодаи он барои ҳар як ташкилот гуногун мебошад.
Дар баъзе ташкилотҳо, қисме барои мукофоти кормандон, қисме барои инкишофи истеҳсолоти ташкилот равона мегардад, аммо дар баъзе ташкилотҳо ин шакли пули нақд, ё қоғази аксияро дорад.
Ҳуҷҷати ҷамъбастии баҳисобгирии идоракунӣ ин баланс мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор