Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
барои ба даст овардани воситаҳои асосӣ равона карда мешавад, маблағгузории капиталӣ номида мешаванд.
Ба воситаҳои асосӣ аслан замин, бино, таҷҳизот, техника, нақлиёт ва компютерҳо дохил мешаванд.
Воситаҳои асосиро дар баланс бо назардошти ҳиссаҷудкунии амортизатсионӣ, ё худ бо арзиши балансӣ қабул менамоянд. Баъд аз гузаштани мӯҳлат амортизатсия арзиши воситаи асосиро паст менамояд, яъне вобаста аз мӯҳлати хизматрасонӣ арзиши воситаи асосӣ ба солҳо тақсим карда шуда, баъд ба охир расидани мӯҳлат тартиб додани санад аз эътибор соқит месозанд ё он ки баъди таъмири капиталӣ бо арзиши навин боз ба баланс дохил менамоянд.
Бояд қайд намоем, ки мӯҳлати хизмат ва дараҷаи амортизатсияро менеҷменти ҳар як ташкилот мустақилона, вобаста аз шиддатнокии фаъолияташон муайян месозанд. Ташкилотҳои пешқадами ҷаҳоние мавҷуд мебошанд, ки онҳо дар асоси технологияи пешқадамтарин фаъолият карда, баъди ҳар як 3-5 сол воситаҳои асосии худро дигар, яъне таҷдид менамоянд.
Ташкилотҳое низ вуҷуд доранд, ки мӯҳлат то 10 сол низ муқаррар шудааст, ки ин, албатта, аз дараҷаи пасти инкишофи менеҷменти ин ташкилотҳо шаҳодат медиҳанд.
Активҳои ғайриматериалӣ ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд:
-
Анъанавӣ.
-
Навин, ё худ замонавӣ.
Активҳои анъанавии ғайриматериалӣ ин патентҳо, ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ, «Ноу-хау» мебошад. Активҳои замонавӣ, ин мавқеъ ва репутатсия.
Гарчанде ба активҳои ғайриматериалӣ баҳои аниқ додан ғайриимкон бошад ҳам, вобаста аз манфиатнокиашон онҳо дар ташаккули соҳибкории ташкилот мақоми арзанда дорад. Агар ташкилот корхонаи дигарро харидорӣ намояд, он гоҳ арзиши он аз арзиши ҳақиқии воситаҳои корхона баланд мебошад, яъне ташкилот корхонаро барои баланд шудани мавқеи худ харидорӣ менамояд. Аз тарафи дигар ҳар як бизнес нисбат ба воситаҳои асосиашон манфиати зиёд меорад.
Воситаҳои асосине, ки тамоми маблағҳои пулӣ ё аксияҳое берун аз
ташкилотро дар бар мегирад, сармоя номида мешаванд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор