Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
муҳлати меҳнат, аллакай рӯзи охирини моҳ, гузаронидани маблағи хариди мол, ки аллакай ба корхона ворид шудааст, дигар қарзҳои кредиторие, ки бояд дар муҳлаташон супорида шаванд.
Ӯҳдадориҳои дарозмуддат низ бояд доимо дар зери назорати менеҷерони бахши баҳисобгирӣ бошанд, яъне сохтани баланс, қисман баргардонидани маблағ, дуруст истифодабарии он ва амсоли ин мебошанд. Дар баробари ин таҳлили фондҳои саҳҳомӣ, ки саҳмгузорон барои муҳлатҳои дароз бо мақсади гирифтани дивиденд сармоягузорӣ намудаанд, бояд доимо ва саривақт гузаронида шаванд.
Қисмҳои охирини баланс ин захираҳои техникӣ ва фоидаи тақсимнашуда буда, барои илова кардан ба курси аксияҳо ва ё барои аз нав нархгузорӣ намудан истифода карда мешавад.
38.4. Баҳодиҳии баҳисобгирии роҳбарӣ ва
ҳисоботҳои молиявӣ
Нишондиҳандаҳои нисбие, ки аз ҳисобҳои бухгалтерӣ ва ҳисоботҳои молиявӣ бармеоянд, мазмуни пӯшидаи соҳибкории ташкилот ба ҳисоб меравад.
Вазифаи менеҷер аз он иборат мебошад, ки ин нишондиҳандаҳоро таҳлил ва истифода карда тавонад, то тасаввуроти пурраро оид ба самаранокии соҳибкории хеш пайдо карда тавонад.
Нишондиҳандаҳои нисбӣ гуфта, он нишондиҳандаҳоеро меноманд, ки бо роҳи тақсим намудани як нишондиҳанда ба нишондиҳандаи дигар муайян карда мешавад. Ҳангоми мантиқан баҳо додани ин нишондиҳандаҳо рақамҳои индикативӣ пайдо мегарданд, ки метавон сифати кори менеҷеронро баҳо дод.
Мисол, гирифтани фоида дар соли ҷорӣ агар дар ҳолати доимияти корҳо 6% бошад, ин дар назари аввал хуб аст, вале агар ба соли гузашта муқоиса намоед, ки 8% буд, аллакай, нишондиҳанда 2% паст шудааст, яъне хуб нест. Ё ин ки бо фаъолияти дигар шӯъбаҳо муқоиса кунед, ки дар он ҷой 7%-ро ташкил медод, ин ҷо низ нишондиҳанда паст мебошад. Ҳамин тариқ, нишондиҳандаҳои нисбӣ дар вақти таҳлили ҷараёни инкишоф, гирифтани фоида, идоракунии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор