Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

намешаванд. Мардуми мо бениҳоят мардуми ҳассос ва суханшинос аст ва нуқси сухану рафтор, сатҳӣ ва ҳассакӣ будани муносибату гуфторро зуд дарк мекунад ва баҳои худро медиҳад. Дар натиҷа сухани роҳбар бетаъсир монда, ба самаранокии кори соҳаҳо таъсири манфӣ мерасонад ва пешравии иқтисодӣ таъмин карда намешавад.

Масоили дигар он аст, ки аксар маврид забоншиносони мо кӯшиш менамоянд, ки аз дигар забонҳо ба забони тоҷикӣ калимаҳои бегонаро ворид созанд, ки ин, албатта, ба ҳусни забони тоҷикӣ таъсири манфӣ мерасонад, зеро унсурҳои бегона забонро аз асолати худ дур месозанд.

Дар аксар мавридҳо суханварони мо бо сабаби танқисӣ кашидан ва бой набудани забон аз калимаҳои зарурӣ, бо ишораю имо сухан мегӯянд. Агар сухан бо маданияту санъати баланд гуфта шавад, заруррият ба имою ишора надорад.

Баъзе роҳбарон дар чунин ақида мебошанд, ки агар дар суханварӣ аз калимаҳои дағалу дурушт ва ҳатто қабеҳ истифода набаранд, шунавандагон онҳоро қабул надоранд, аммо мо куллиан зидди чунин ақида ҳастем. Чунки сухани қабеҳ аксар маврид барои корманди танбал, суст, нокора ва кундфаҳм равона мегардад. Барои корманди соҳибмаърифат ва лаёқатманд ҳатто як ишора кифоя мебошад, то сухангӯро дарк кунад. Пас муносибати дурушт аз тарафи чунин шахсон пазируфта намешавад.

Тадқиқотҳои аниқи сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки роҳбароне, ки суханҳои дурушту дағал мегӯянд, 70%-и онҳо аз ҷиҳати рӯҳӣ ноустувор, хароб ва заиф буда, 28%-аш маданияти паст дошта, тарбияи дуруст надоранд ва 2%-аш аз эҳсосоти номураттаб ва худпарастӣ ба чунин хатоӣ роҳ дода, нисбат ба дигарон нописандӣ мекунанд.

Аз гуфтаҳои боло маълум гардид, ки аксари маврид суханварон бо сабаби сустии захираи луғавӣ ва ба худ бовар надоштан ҳусни суханро коста менамоянд.

Мутахассиси бузурги амрикоӣ Дейл Корнеги чор қоидаи асосии суханвари хуб шуданро пешниҳод менамояд, ки чунин мазмун доранд:

ЯКУМ: барои ба мақсади асосӣ расидан суханро боғайратона ва бо ҳаракатҳои қавӣ оғоз намоед.

Ин қоида манфиати калон дошта, шуморо чизе ё касе дар роҳи ба мақсад
расидан монеъ шуда наметавонад. Бинобар ин, шумо бояд доимо ба худомӯзии

пешина
аз 522
навбатӣ