Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аслан, дар санъати менеҷмент талаботҳои зерини намуди зоҳирӣ ҷудо карда мешаванд.

  1. Либос бояд тоза, дарэмолшуда ва ба якдигар мувофиқат кунад.
  2. Мӯи сар зебо, симо тозаю озода бошад.
  3. Пойафзол бо костюм мувофиқ ва тоза бошад.
  4. Дар вақти сӯҳбат ба чашми ҳамсӯҳбат нигоҳ карда сухан гуфтан ва аз ҳаракатҳои беҷо хуллорӣ намудан лозим аст.
  5. Суханро мантиқан ва бомақсад баён намудан муҳим аст.

Дар фаъолияти корӣ ба ҳолатҳои гуногун дучор мегардед, ки аз он набояд рӯҳафтода шуд. Шояд яку якбора ба мизоҷ маъқул намешавад, яъне шаклу намуди Шуморо баъзе шахсон намепазиранд ё моле ки пешниҳод менамоед номуносиб ва ё ҳолати сӯҳбат оростан ноқулай, яъне ноором аст. Ё мизоҷ асабӣ аст ё шахсони дигар халал мерасонад ё худатон беморед (мисол саратон дард карда истодааст ё зуком шудаед).

Шумо ҳеҷ гоҳ ба он ҳодисаҳои номатлуб, ки асли воқеаро инъикос намекунад, ошуфтахотир нашуда, андешае, ки дар бораи хеш пайдо кардаед, пешаи кори худ намоед, аммо асоси муваффақият дар кордонӣ — донишмандии касбӣ мебошад. Агар чунин як қобилияти баландро дошта бошед, он гоҳ ҳатто нуқсонҳои каму беши намуди зоҳириятон мушоҳида карда намешавад. Дар ҳолати донишманди касбӣ набудан ҳеҷ чиз Шуморо дастгирӣ карда наметавонад.

Хуб мебуд, агар оид ба намуди зоҳирӣ ва сухангӯӣ курсҳои махсуси тайёриро гузаред.

Талаботи дигар тарзи сухангӯй ё худ баёни фикр мебошад. Дар вақти сухангӯй ҳеҷ гоҳ «не» нагӯед, на бо овози баланд ва на дар хаёл, чунки ҳамсӯҳбат низ метавонад «не» гӯяд. Не гуфтани мизоҷон гуноҳи Шумо не, балки аз даст додани имкони онҳост. Барои дигаронро бовар кунонидан ба дигарон низ бовар кунед ва доимо дар худ бовариро нигоҳ доред. Хуб мебуд, агар суханҳои худро сабт карда, аз рӯи камбудиҳо кор мекарбед.

Менеҷерони беҳтарин пайваста дониши худро такмил медиҳанд. Онҳо
пайваста китобҳо мутолиа намуда, барномаҳои махсусро гӯш мекунанд, дар
курсҳои кӯтоҳмуддати роҳбарӣ таҳсил менамоянд. Онҳо медонанд, ки беҳтар

пешина
аз 522
навбатӣ