Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дар охир боз як маротибаи дигар оид ба бартарияти моли хеш ва ташкилотатон қайд карда гузаред.

Барои самаранокии тиҷорат дар вақти гуфтушунид аз паст кардани нарх бо ду сабаб даст кашед.

  1. Якум, аксар маврид барои харидор нархи мол асосӣ нест.

  2. Дуюм, аз нарх фоидаи ташкилот пурра вобастагӣ дорад, яъне агар аз паст кардани нархи мол ҳарф занед, он гоҳ ба натиҷаи молиявии ташкилот таъсири манфӣ мерасонед.

Дар натиҷа шояд роҳбарият ба пешниҳодатон ризо нашуда онро қабул накунад. Хуб мешуд, ки баръакс нархро баландтар бардошта боз як қатор хизматҳои иловагиро зам мекардеду баъдан харидор худаш интихоб мекард, ки аз кадоми ин хизматҳои иловагӣ даст кашад. Дар ин ҳолат аксар маврид харидорон бо нархи гуфтаатон ризо шуда, аз кайфияти иловагӣ худро маҳрум намесозанд, махсусан дар соҳаи автомобил, мебел ва дигар воситаҳои рӯзгор. Ё агар бисёр харидор хоҳиши паст кардани нархро дошта бошад, то андозаи зарурӣ, яъне бо миқдори иловашуда Шумо метавонед нархро паст кунед.

Агар сӯҳбат бенатиҷа анҷом ёбад ва чӣ кор карданонро надонед, аз харидор хоҳиш кунед, то имкони бо роҳбарият маслиҳат кардан диҳад. Дар натиҷа вазъиятро ба роҳбарият мефаҳмонед. Роҳбар аллакай имконият ва усули боваркунонии худро дорад ва метавонад бевосита ба гуфтушунид ҳамроҳ шуда, масъаларо мусбӣ ҳал намояд. Бояд сӯҳбатро чунон ҷамъбаст намоед, ки ба фоидаи ташкилот анҷом ёбад, яъне харидор пешниҳоди Шуморо қабул намояд. Дар охир бевосита ва бавосита мизоҷонро ба харидорӣ даъват намуда, тамоми санъати тиҷоратии хешро истифода карда, бо мақсадатон ҳатман бирасед. Баъди ризо кардани харидор, ҳамон замон ба ҳисобу китоб ва бор кардани мол шурӯъ кунед, имкон надиҳед, ки харидор фикрашро дигар ё баҳонае пеш оварда, баромада равад. Тамоми воситаҳои хизматрасонӣ бояд тайёр бошанд, ки ба зудӣ шартнома баста, имзо карда молро фурӯшед.

пешина
аз 522
навбатӣ