Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Пайравон — ин гуна ташкилотҳо бисёр эҳтиёткорона рафтор намуда, сиёсати мунтазами эҷодкориро пеша карда, аксар маврид ба дастовардҳо қаноатманд мешаванд.

  2. Ташкилотҳои қафомонда — сиёсати худро дигар накарда, ҳатто кӯшиш ҳам намекунанд ва роҳбарии шакли консервативиро гирифта ба ҳолати беруна эҳтиёткорона назар афканда, умуман, намехоҳанд, ки ягон тағйиротеро ворид созанд.

Худи ҷараёни роҳбарии маркетингӣ хеле мураккаб буда, омӯзиши комплексиро талаб менамояд ва ҳамаи он унсурҳои маркетингӣ бо ҳамдигар зич алоқаманд буда, дар вобастагӣ амал мекунанд, яъне нарх, мол, сифат, истеъмолкунанда, рақиб, ҷой, вақт ва органҳои ҳокимиятӣ бо ҳам тавъаманд. Ҳамаи ин унсурҳои номбаршуда бояд бо якдигар дар мувофиқа ва баланс вуҷуд дошта бошанд, вагарна соҳибкоритон ояндадор намешавад. Барои таҳлили комплексӣ ва қабули қарори стратегии маркетингӣ доир ба ҳар як унсури номбаршуда, дониши махсуси касбӣ ва вақти муайян зарур аст.

Фонданокии ташкилот аз ҳисоботҳо ва таҳлилҳои чуқури комплексӣ вобастагии калон дорад. Бинобар ин, ҳар як унсурро дар алоҳидагӣ омӯхта, мавқеи онро барои соҳибкории хеш муайян созед. Инчунин, муқоисаро бо ташкилотҳои рақибон фаромӯш накунед. Чунин як ҷараёни омӯзишро дар ҳар давраи муайян дар 6 моҳ — 1 сол як маротиба давом диҳед. Вобаста ба ин, қаноатмандии истеъмолкунандаро вобаста ба унсурҳои зерин метавонем муайян созем:

  1. Молҳо ва хизматҳо — ин унсурҳо якбора якчанд функцияро дар бар мегиранд ва бояд донед, ки кадом талаботи харидорро молатон таъмин месозад. Шояд моли Шумо якчанд талаботи харидорро таъмин месозад, ки истеъмолкунанда инро намедонад. Барои ин моли худро таблиғ намоед. Мисол, қобилияти табобатӣ доштани қайлаи хокаи дандоншӯяк ё якбора 3-4 манфиат доштани дору ва ғ.

  2. Нархи мол — арзиши моли ба сифат мувофиқ доимо талаботи харидорро таъмин месозад. Доимо кӯшиш намоед, ки нарх бо сифати мол дар баланси якдигар бошанд, чунки аксар маврид агар нархи мол моро қаноатманд насозад мегӯем, ки сифати ин мол ба нархаш мувофиқат

пешина
аз 522
навбатӣ