Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гирифтан, мақсадро аниқ кардан, онҳоро ба анҷом даровардан, барои худ маърӯзаи маъқул тайёр намуданро фаро мегирад.

Талаботи муҳими тайёрӣ он аст, ки доимо ҳаракати сухани нав гуфтанро дошта бошед. Барои ноил гаштан бо ин мақсад, хуб мешуд, агар дар маҳфиле ширкат варзед, ё худ китоби наверо хонед, фикрҳои навро ба худ қайд карда гирифта, ба китоби алоҳида, ё дар дафтари хотирот қайд намоед, ки дар вақти тайёрӣ ба маърӯза истифода бурда шаванд. Хуб мешуд, агар ба китобхона рафта, доир ба мавзӯъ якчанд китоб ҳам мехондед.

Талаботи дигари тайёрӣ ба сухангӯӣ интихоби як, ё ду раванди муҳокимаи масъала ва то охир таҳлил намудан аст. Барои пурра фикр кардани ин равандҳо шаш-ҳафт шабонарӯз андеша намоед, китобҳоро варақ зада, далелу факту рақамҳоро ёфта, хонда таҳлил карда бароед. Чунон ки олими зироатшинос Лютер Бербанк менависад: «Ман аксар маврид миллион зироат мекурам, то ин ки як ё ду тодро, ки сифати хеле баланд доранд, интихоб намоям ва баъдан растаниҳои пастсифаташро нобуд созам».

Дар вақти сухангӯӣ сухани Шумо бояд аниқу мақсаднок ва ба шунавандаи муайян равон шуда бошад. Суханҳои умумӣ самараи хуб надоранд. Агар Шуморо фақат барои баромад сухан диҳанд 2-3 дақиқа баромад намоед, вале дар ин мӯҳлат ҳеҷ гоҳ ҳаракати ҳама чизро гуфтан нанамоед, чунки ин имкон надорад. Дар ин ҳолат як-ду раванди масъаларо шарҳ диҳед, ки он дар шакли мавод, яъне дорои вазифа ва мақсадҳо ҳастанд. Унсури дигаре, ки дар вақти тайёр кардани маърӯза бояд ба инобат гиред, ин толоре ё худ шунавандае, ки Шуморо гӯш мекунад. Яъне, онҳо киҳо мебошанд? Барои онҳо ин маърӯза чӣ медиҳад? Оё баромади Шумо ба онҳо тааллуқ дорад? Забони маърӯза ба онҳо фаҳмо мебошад? ва ғайра.

Хулоса, дар вақти тайёр кардани маърӯзаи расмӣ чӣ қадаре, ки мавод ва ахбори зиёд ҷамъоварӣ намоед, дар худ ҳамон қадар боварии зиёд пайдо месозед, ки ин ба сухани Шумо ва қабули он таъсири мусбӣ мерасонад.

Дар ҳаёт баъзе соҳибкорони мо вақте, ки доир ба фаъолияти соҳибкориашон, ё доир ба муаммоҳои фурӯши молашон сухан мегӯянд, аксарият оид ба имконот, хусусиятҳои молашон ва истеъмолкунандаи худ маълумоте надоранд, ки ин таъсири сухани онҳоро коста мегардонад.

пешина
аз 522
навбатӣ