Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан- Давраи чорум: фурӯравӣ — ин давраи аз байн рафтани мол буда, дараҷаи таваккали беруна метавонад, суръатро тезонад. Дар ин зина аллакай фикру андешаи менеҷер боз барои пайдо кардани моли нав банд буда, боз тайёрӣ ба таваккалқории нав оғоз меёбад.
Ҳамин тариқ, як сикли пурраи таваккал доимо давом дорад.
39.6. Маслиҳатҳои муфиди Билл Гейтс1
- Ахбори навтарин, функцияи менеҷерро аз фурӯши мол шурӯъ карда, то идоракунии соҳибкорӣ васеъ месозад.
- Пешниҳоди ахбори зарурӣ барои кормандон имкон медиҳад, ки ташкилот нақшаи стратегии беҳтаринро кор карда баромада, онро амалӣ гардонад.
- Системаи ахбори электронӣ чунон имкони беҳтаршавии ҷараёни корро пайдо месозад, ки дар системаи қоғазӣ иҷро кардани он ғайриимкон аст.
- Кормандон қодир ҳастанд, ки 90% маълумотҳоро худашон иҷро намоянд.
- Масоили асосии суръати соҳибкорӣ на ба техника, балки ба маданияти кории кормандон вобастагии калон дорад.
- Истифодаи технологияи ахборӣ имконоти шуморо нисбати рақибон баланд мебардорад.
- Харидори норизо сарчашмаи асосии ахбори арзишнок мебошад.
- Ҳар як лоиҳаи нав бояд ба таҷрибаи чунин лоиҳаи ҳамкорон мувофиқ бошад.
- Барои ноил гаштан ба муваффақияти калон, баъзан ба таваккалқорӣ низ бояд даст занед.
- Роҳбари корхона ба технологияи ахборӣ ҳамчун захираи асосии соҳибкорӣ назар дошта бошад.
1 Билл Гейтс. Бизнес со скоростью мисли. М.: Изд.-во Эксмо. - 2002. - 462.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор