Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Доимо инкишоф додани дониши хеш ва аз дигарон талаб кардани он, бартарият доштан нисбат ба дигар рақибони бозор.

  2. Дониши технологии истеҳсолӣ доштан, дастовардҳои илмӣ ва тадқиқотҳоро дар амал ҷорӣ намудан, харидори техника ва технологияи навин.

  3. Ҷалби ҳаматарафаи кормандон дар ҷустуҷӯи захираҳои васеъгардонии номгӯи молҳои ташкилот, баланд бардоштани сифати мол, паст кардани арзиши аслии маҳсулот ва гирифтани фоидаи баланд.

Дараҷаи таваккали ташкилот маҳз дар ҳолате баланд мегардад, ки ташкилот моли нав ё худ ягон навоварӣ дар мол дохил намояд, яъне самаранокӣ, маблағпӯшонӣ, кам кардани хароҷот, барориши моли нав дараҷаи муайяни таваккали худро дорад. Ҳар як давраи пайдоиши мол дар бозор дараҷаи муайяни таваккалро дорад.

  1. Давраи якум - пайдоиш дар бозор — ин давраи қадамгузории мол буда, тақдири ояндаи он аз менеҷери бахши маркетинги вобаста аст, ки харидоронро чӣ гуна тайёр намудааст, яъне барои дучори рақобати бозор нагаштан бояд харидорон ин молро аллакай интизор бошанд. Дар ин давра корҳои реклама, муаррифии мол мақоми арзанда дорад. Хуб мебуд дар лаҳзаҳои аввал моли навро дар шакли қуттиҳо ё тарзу усули пешинай тиҷорат бароварда, дастурамал ва низомномаро барои истифодабарӣ ба таври илова пешниҳод намоед. Дар ин давра аз тарафи рақибон ва харидорон фақат таваккалро метавон мушоҳида кард.

  2. Давраи дуюм - ин давраи афзоиши мол ба шумор меравад. Ин давраи хеле хатарноки таваккалӣ буда, дар ин ҷо аллакай дучори одамони бадхоҳ ва баъзе маъмурони манфиатхоҳ мегардед, чунки онҳо фоидаи баланд гирифтани Шуморо пай бурда, ба мубориза шурӯъ мекунанд. Беихтиёр дар бозори мол мавқеи баландро соҳиб гашта, рақибони зиёдеро пайдо мекунад.

  3. Давраи сеюм — ин давраи камолот, ин давра аллакай моли Шумо аз таваккали тиҷоратӣ халос шуда, ба як давраи оромӣ мерасад ва оҳиста-оҳиста бозорро аз даст дода, аз хотири рақибон фаромӯш мешавад.

пешина
аз 522
навбатӣ