Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

40.1. Консепсияи стратегии рушди иқтисодӣ ва менеджменти касбӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ҳамчун як мамлакати ҷавон дар қисми ҷанубу шарқии Осиёи Миёна ҷойгир буда, масоҳаташ 143 ҷаз.км² аст ва аҳолиаш зиёда аз 7 млн. нафар мебошад. Қисми зиёди аҳолиро ҷавонони то 30 сола ташкил медиҳанд. Бо сабаби он, ки 93% масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил мекунанд, қисми зиёди аҳолӣ дар 7% масоҳат, яъне дар ҳамворӣ зиндагӣ мекунанд.

Тоҷикистон бо хусусияти хоси маданият, асолати нажодӣ, урфу одат, анъана, хоҷагидорӣ ва дигар хислатҳои миллии хеш аз дигар давлатҳои Осиёи Миёна куллан фарқ мекунад.

Дар Тоҷикистон захираҳои зиёди табиӣ мавҷуд мебошад, ки барои насли оянда истифода аз он мувофиқи матлаб мебошад. Зиёда аз 55% захираҳои обии дарёҳои Осиёи Миёна аз Тоҷикистон сарчашма мегирад. Мавқеи географии Тоҷикистон барои миёнаравии Шарқу Ғарб хеле қулай мебошад.

Дар солҳои охир роҳбарияти Тоҷикистон кӯшиш ба он дода истодааст, «Роҳи абрешим»-ро, ки Аврупою Осиёро мепайвандад, барқарор созад. То марзи давлати ҳамсояи Хитой роҳи байналхалқии Кӯлоб-Дарвоз-Кулма-Қарақорум бунёд шудааст, ки ба воситаи он ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ метавонанд тавассути баҳр ба бозори ҷаҳонӣ бароянд.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони навини иқтисодӣ ҳамкории байналхалқӣ мақоми хеле калон дорад. Тоҷикистон, низ ба якчанд ташкилотҳои байналхалқӣ аз ҷумла ИДМ, Ташкилоти Ҳамкории Осиё (ЕврАзЭС, ЦАС), ташкилоти ҳамкории Шанхай (ШОС) ба монандӣ инҳо аъзо мебошад.

Барои пурра фаъолият намудан дар ҷаҳоншавии иқтисодӣ Тоҷикистон чунин вазифаҳоро бояд иҷро намояд:

  1. Ҳамроҳшавӣ фақат бо роҳи ташкили механизми иқтисоди бозорӣ сурат мегирад. Асоси ин механизмро бояд ташкили меъёрҳои менеджменти байналхалқӣ ташкил намояд.

  2. Ҷаҳоншавии иқтисодӣ ин бевосита ба истифодаи технологияи пешқадами ҷаҳонӣ вобаста буда, Тоҷикистон низ бояд технологияи пешқадами навинро дар иқтисодиёт ва менеджмент истифода намоянд.

  3. Вазифаи муҳими дигар ин ҳар чӣ бештар инкишоф додани муносибатҳои тиҷоратӣ ба давлатҳои хориҷа мебошад. Дохил шудан ба Ташкилоти

пешина
аз 522
навбатӣ