Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Созмони Умумиҷаҳонии Тиҷорат (СУТ) нишондиҳандаи асосии сиёсати тиҷоратии Тоҷикистон бояд гардад. Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо Тоҷикистон бо зиёда аз 114 давлати ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратӣ дорад.

  1. Вазифаҳои муҳими бартарият доштани Тоҷикистон инкишофи қудрати энергетикӣ ва кишоварзии мамлакат мебошад, ки барои он мо имкони хеле васеъ дорем.

  2. Вазифаи ҳаракатдиҳандаи иштирок дар ҷаҳоншавии иқтисодӣ истифода ва мубодилаи ахбор, тайёр намудани мутахассисони варзида дар давлатҳои гуногуни дунё мебошад.

Вобаста аз шароити имрӯзаи инкишофи менеҷмент равандҳои консептуалии инкишофи стратегии иқтисодии Тоҷикистонро аз қисмҳои зерин тартиб додан зарур мебошад:

  1. Мақсадҳо ва масъалагузории стратегӣ.

  2. Ташаккули сохторҳои ҳокимиятӣ ва роҳбарии стратегияи амалкунанда.
    Барҳам додани усулҳои кӯҳнаи идорӣ (шӯравӣ).

  3. Ташкили барномаҳои мақсаднок ва эҷодкориҳои соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ.

  4. Назорат ва баҳодиҳии фаъолияти тамоми соҳаҳо (ташкили системаи электронии ахборӣ) аз рӯи стандартҳои байналхалқӣ.

  5. Ҳамкориҳои байналхалқӣ ва истифодаи технологияи навтарин дар иқтисоди миллӣ.

Стратегияи системаи идоракунӣ ва ҳокимиятдории менеҷмент.

  1. Дар хотир дошта бошед, ки фақат ҳамон намуди идоракунӣ ва ҳокимият самаранок мебошад, ки дар ҳама зинаҳо барои баланд бардоштани қобилияти донишомузӣ ва ҳосилнокии меҳнатии касбии кормандон равона шудааст.

  2. Пешво будан — яъне дар ҷои аввал будан аст. Дар ҷои аввал будан ин ҳарчӣ тезтар азхудкунии дониши нав ва тағйирёбии кору фаъолияти роҳбарии Шумо мебошад.

  3. Агар тағйирот ва омӯзиш аз боло — яъне роҳбарон шурӯъ накунанд, он ҳеҷ гоҳ аз поён оғоз намеёбад.

  4. Фикру ақидаҳои кӯҳнае, ки ба миллату халқ ва маданияти он хос нест, ояндаро дур намебарад.

  5. Фақат стратегияи идоракунӣ ва ҳокимиятдорие, ки пойдевори маданияти миллӣ дорад, соҳиби ояндаи дурахшон мебошад.

пешина
аз 522
навбатӣ