Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Асоси фикрронӣ ва инкишофи стратегиро бояд навоварии эҷодӣ ташкил намояд.

  2. Истифодаи самараноки вақт дар асоси ахбори электронии босуръат асоси инкишофи босуботи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Яке аз вазифаҳои асосӣ ва тақдирсози идоракунии иқтисодии мамлакат ин дуруст муайян кардани мақсадҳои дурнамоӣ ё худ ояндабинӣ мебошад, ки аз нигоҳи мо равандҳои зеринро бояд ба худ гирад.

  1. Муайян кардани соҳаҳои асосии бартариятдоштаи иқтисодиёти миллии Тоҷикистон (энергетика, маориф, коркарди ашё ва канданиҳои фоиданок).

  2. Коркарди барномаҳои стратегии инкишофи соҳаҳои бартариятдошта.

  3. Муайян сохтани технологияи навин барои амалигардии нақшаҳои стратегии соҳаҳо ва соҳаҳои ёрдамсон.

  4. Муайян кардани стандартҳо ва нишондиҳандаҳои баҳодиҳӣ, назорати
    иҷрои нақшаҳои стратегӣ. (очиликӣ, ҳисоботӣ, назоратӣ)

  5. Ихтироотҳо, навоварӣ ва тағйиротҳо воста ба ҳолатҳо.

Модели концептуалии инкишофи стратегии менеҷменти Тоҷикистон аз нигоҳи мо 10 қисми бо ҳам алоқамандро дар бар мегирад, ки дар ҷадвали 1 оварда шудаанд.

Бояд қайд кард, ки ояндаи иқтисодии мамлакат бевосита бояд бо назардошти хусусияти хоси миллӣ, урфу одат, ва ҷамоатчигии тоҷикон мувофиқат намояд, яъне барпо намудани иқтисоди миллии тоҷикӣ пеш аз ҳама барпо намудани шаклу усулҳои хоҷагидории саноати шарқӣ, меъморӣ ва шаҳрдорӣ асоси концепсияи инкишофи стратегӣ гардад.

Дар ташкили корхонаҳои навин ва таъмини шуғли аҳолӣ назардошти ҳолати экологӣ, мавқеи географӣ, хусусиятҳои таърихии шуғли аҳолӣ, дину оин, инчунин, миқдори аъзоён дар оила ва дигар хосиятҳои миллии тоҷикӣ бояд ба инобат гирифта шавад.

Очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои қадим аксари шакли фаъолиятиҳои худро, аз қабили шаклҳои роҳбарӣ, зироаткорӣ, косибӣ, зотпарварӣ, ангузорпарварӣ, варзиш, машруботбарорӣ, меҳмондорию меҳмоннавозӣ ба дараҷаи хеле ҳам баланди касбӣ иҷро мекарданд, ки ҳатто хитоиҳо, арабҳо ва англисҳою русҳо ҳанӯз дар асрҳои XVII-XIX, ин муваффақиятҳоро омӯхта, дар мамлакатҳои худ ҷорӣ намуданд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки чунин як муваффақиятҳои баланди касбии
роҳбарии миллиро бевосита дар стратегияи инкишофи иқтисодии Тоҷикистон

пешина
аз 522
навбатӣ