Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Таҷрибан ташкилотҳои байналхалқӣ ва таҳлили омилҳо нишон медиҳанд, ки равандҳои асосии стратегияи инкишофи менеҷменти Тоҷикистонро чунончи дар ҷадвали 3 омадааст, ба таври зайл муайян созем.

Ҷадвали 3.
Равандҳои стратегияи инкишофи менеҷменти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Равандҳо | Мақсадҳои инкишоф
--- | --- 1. Интегратсияи амудӣ, иқтисодӣ ва идораи ҳокимият | Мувофиқкунонии фаъолияти инкишофи соҳаҳои гуногун ба бозори дохилаи мамлакат ва ҳокимиятдорӣ 2. Интегратсияи уфуқӣ | Мувофиқакунонии инкишофи соҳаҳои рақиби бозори дохила ва маҳсулоти хориҷа 3. Ба даст овардан ва инкишофи бозори молҳои ватанӣ | Зиёд кардани ҳиссаи молҳои ватанӣ дар бозори дохилаи мамлакат ва барориши моли ватанӣ ба хориҷа 4. Инкишофи истеҳсол ва фурӯши молҳои озуқавории мамлакат | Зиёд кардани истеҳсол ва фурӯши молҳои озуқаворӣ ва таъмини бехатарини озуқаворӣ бо роҳи беҳтар кардани сифат ва ё дигар кардани намуди маҳсулот.
5. Диверсификатсияи истеҳсолӣ | Ташкили истеҳсолоти навини замонавӣ, истеҳсоли моли нав барои истеъмолкунандаи ватанӣ ва хориҷӣ.
6. Ташкили корхонаҳои муштарак | Иштирок дар лоиҳаҳои мақсадноки муштарак бо мақсади дар оянда мустақилият ба даст овардан.
7. Барҳамдиҳӣ ва кам кардани соҳаҳои ғайрисамаранок | Қисман барҳам додани соҳаҳои ғайрисамараноки ватанӣ. Кам кардани сохторҳои идоравии нолозима, аз байн бурдани бюрократияи идорӣ.
8. Таъминоти пурраи ахборӣ | Ҷорӣ намудани барномаҳои махсуси баҳисобгирӣ, молиявӣ ва идоравии электронӣ дар тамоми системаи иқтисодӣ ва ҳокимиятдории мамлакат.

пешина
аз 522
навбатӣ