Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хонданСамаранокии равандҳои мазкур аз омӯзиши фанҳои менеҷменти ташкилотҳо, иқтисоди корхонаҳо, маркетинг вобастагӣ дорад, ки инро Шумо аллакай медонед.
Вобаста ба хусусияти хоси соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат метавонем чунин барномаҳои менеҷменти истеҳсолии соҳаҳо тартиб диҳем, ки дар ҷадвали 4 омадааст.
Ҷадвали 4
Барномаҳои стратегии менеҷменти истеҳсолии соҳаҳо
| Омилҳои стратегӣ | Мақсадҳои стратегӣ | Роҳҳои стратегии мақсаднок |
|---|
- Имконоти истеҳсолӣ | 1. Истифодаи пурраи иқтидорӣ. | 1. Муайян кардани талаботи бозори дохила ва беруна ба моли ташкилот, соҳа |
1.1. Ҷойгиршавии корхонаҳо | 2. Таъмини бозори дохилӣ | |
1.2. Гурӯҳи молҳои истеҳсолии соҳа | 3. Таъмини шуғли мутахассисони соҳа | 2. Истеҳсоли моли нави ба талаботи бозор ҷавобгӯй |
1.3. Технологияи истеҳсолӣ | 4. Баландбардории дараҷаи даромаднокии соҳа ва кормандон | 3. Ҷорӣ кардани технологияи навтарин |
1.4 Давраҳои ҳаётии бозори мол | | |
1.5. Ҳаҷми истеҳсоли мол ва фурӯши он | | 4. Амалигардонии навоварӣ ва эҷодкориҳои илмии олимон дар соҳаҳои мухталиф |
1.6. Ҳосилнокӣ ва арзиши аслии мол | | |
1.7. Нишонҳои дигари сифатии мол | | | - Ислоҳоти ҷараёнҳои технологӣ ва идоракунии соҳаҳо | 1. Кам кардани нархи мол | 1. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ҷараёни идорагӣ ва технологӣ |
2.1. Кам кардани хароҷотҳо | 2. Баланд бардоштани сифати мол | |
2.2. Даст кашидан аз усулҳои кӯҳнаи идорагӣ ва технологӣ | 3. Таъмини талаботи афзояндаи бозор | 2. Даст кашидан аз усулҳои кӯҳнаи бюрократии идорагӣ ва истифодаи технологияи нав. |
2.3. Нишонгирӣ ба бозор ва даромад | 4. Таъмини рақобатпазирии моли ватанӣ дар хориҷа | |
2.4. Кам кардани давраи ҳаётии мол (то 3-5 сол) | 5. Таъмини инкишофи технологияи истеҳсолӣ | 3. Ҷорӣ кардани қоидаҳои навини ахборӣ ва роҳбарӣ |
| 6. Таъмини фоиданокии соҳаҳо | 4. Истифодаи вақт ва ахбор ҳамчун захираи асосӣ дар идоракунӣ |
| | 5. Баҳо додани дастовардҳои навоварӣ ва эҷодкориҳо |
Омилҳо ва мақсадҳою роҳҳои стратегӣ вобаста ба хусусияти соҳаҳо метавонанд гуногун бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор