Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шунавад, ишораҳо ва ҳаракатҳои нолозим нанамоед. Инчунин хуб мебуд агар дар минбар чизҳои дигари диққатҷалбкунанда, ё худ меҳмонони зиёд ва ҳаракатҳои иловагӣ дида нашаванд.

31.5. Баландбардории рӯҳияи кормандон — шарти муҳими
санъати менеҷмент

Боварӣ ба кормандон ва муҳокимаи умумии муваффақиятҳо дар коллективи ташкилот муносибати одамонро беҳтар карда, рӯҳияи кормандонро баланд мебардорад. Вобаста ба ин яке аз вазифаҳои асосии санъати менеҷмент доимо кушода будани воситаҳои коммуникатсионӣ барои тамоми кормандон мебошад ва ҳар як роҳбар бояд доимо кӯшиш ба он диҳад, ки ахбор ҳарчи тезтар ва пурратар ба иҷрокунанда бирасад.

Роҳбарии махфӣ, ҳисобот надодан оид ба фаъолият, коллективро дилмонда карда, рӯҳияи меҳнатдӯстии онҳоро паст менамояд. Дар аксар мавридҳо дар Тоҷикистон роҳбарони ташкилотҳо, ҳисоботҳои худро оид ба фаъолиятҳои молиявӣ махфӣ нигоҳ медоранд. Гарчанде, ки ин ба кори онҳо зарар мерасонад.
Маълум аст, ки агар кормандон натиҷаи молиявии фаъолияти худро фаҳманд, онҳо боз хубтар меҳнат менамоянд. Истифодаи самараноки воситаи коммуникатсионӣ почтаи электронӣ, эълонҳо, вохӯриҳо, воситаҳои ахбори умум, телефон ва ғайра имкон медиҳад, ки ҳар як корманд барои кори ташкилот ва фаъолияти худ ҳавасманд шавад ва ҳосилнокии меҳнаташ баланд гашта, қобилияти эҷдкории худро истифода карда тавонад.

Чунин роҳбарии кушода имкон медиҳад, ки ҳар як аъзои коллектив дар идоракунии ташкилот иштирок намояд ва ҳавасманд бошад. Аз чунин фаъолият худи роҳбар низ бурд менамояд, чунки кормандон бе тарсу ҳарос муаммоҳои худро ҳал намуда, дар қабули қарорҳои идоракунӣ иштирок менамоянд.

Ҳангоме ки роҳбар усули кабинетии роҳбариро пеш гирифта, ба назди
кормандон намебарояд ва ба эшон ҳамсуҳбат намешавад, аксар маврид аз ахбор
ва ҳолати воқеии ташкилот бехабар мемонад. Бинобар ин хуб мебуд, агар Шумо
доимо ба баҳсу муҳокимаи масъалаҳо бо кормандон тайёр бошед. Роҳбари хуб

пешина
аз 522
навбатӣ