Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
40.2. Камбизоатӣ ва таъсири он ба рушди менеҷменти
Тоҷикистон дар шароити глобализатсия
Ҳар сол садҳо ҳазор коргарон ва мутахассисони Тоҷикистон ба давлатҳои Россия, Қазоқистон, Украина, Чин, Олмону Амрико ба сафари меҳнатӣ рафта, бо иштироки худ дар ташкили муносибатҳои муайяни истеҳсолию иҷтимоии муассисаю корхонаҳои ин давлатҳо ҳиссаи муайян мегузоранд, яъне тағйироти куллӣ дар тақсимоти байналхалқии меҳнат дар ҳазорсолаи сеюм ба вуҷуд омадааст, ки мардуми тоҷик низ дар он ширкати бевосита дорад.
Аз ин хотир паст шудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва рушди менеҷмент на фақат аз дараҷаи инкишофи иқтисодии Тоҷикистон, балки аз он ния вобаста мебошад, ки дар тақсимоти байналхалқии меҳнат, мо, тоҷикон, чӣ тавр, бо кадом захира ва имконият ва то чӣ андоза самарабахш иштирок менамоем.
Имрӯз дар ҷаҳони рӯ ба раванди глобализатсия оварда таркиши сифатан наве ба вуҷуд омадааст, ки аз ҳар як шахс, мутахассис, менеҷменти корхонаҳо ва роҳбарони вазорату ҳукуматҳо донишу кордонии хеле баландро талаб менамояд.
Ин пеш аз ҳама дар соҳаи коммуникатсия, молия, бонку бонкдорӣ, бозори меҳнат, хизматрасонӣ ва молҳои истеҳсолию истеъмолӣ дида мешавад.
Омӯзиши ин масоил хеле ҳам мураккаб буда, аз доираи илми иқтисодӣ фарохтар аст ва улуми сиёсатшиносӣ, сотсиология, маданиятшиносӣ, ҳуқуқ, таърихро низ дар бар мегирад.
Мисол, таърихнависон ҷараёни глобализатсияро ҳамчун як ҷараёни қонунии инкишофи таърихӣ баҳо медиҳанд. Сотсиологҳо бошанд, ин равандро ҳамчун як ҷараёни бо ҳам наздик шудани халқу миллатҳо бо роҳи тиҷорат ва универсалӣ ё худ омӯзиши маданияти халқҳои гуногун маънидод мекунанд.
Намояндагони улуми технологӣ бошанд, глобализатсияро ҳамчун натиҷаи инкишофи босуръати навоварӣ ва технологияи нав меноманд, ки дар асоси донишҳои ягонаи халқу миллатҳо ба вуҷуд омадааст.
Олимони иқтисодшинос дар он ақида мебошанд, ки моҳияти
глобализатсия дар асоси нақли мол, дониш, меъёрҳои ҳуқуқӣ, маданӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор