Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
хоҷагидорӣ, беҳтар намудани шароити зиндагонии мардуми давлатҳои гуногун мебошад.
Мо низ ин ақидаро дастгирӣ намуда, чунин мешуморем, ки хислат ва майдони инкишофи иқтисодӣ хеле васеъ ва мураккаб гашта, роҳи глобализатсия, ягона роҳи беҳтаргардонии дараҷаи зиндагии мо ва инкишофи роҳбарии касбӣ дар шароити Тоҷикистон аст.
Глобализатсия ин ҷараёни байналмилаликунонии хоҷагидорӣ буда, дар замони мо хислати ҷаҳонӣ гирифтааст. Дар замонҳои пешин форсҳо, арабҳо, муғулҳо, англисҳо ва дигарон низ якчанд давлатҳоро ба худ мустамлика намуда, қоида, шаклу тарзи хоҷагидории худро ҷорӣ намуда буданд, ки бурду бохти онҳоро мо аз таърих медонем.
Фарқияти муҳити имрӯза бо замони пешин дар он мебошад, ки имрӯз мақоми давлатҳо, воситаҳои ҳамкорӣ ва шаклу усули байнамилаликунонӣ куллан тағйир ёфтааст ва онро мо бояд таҳлили ҳаматарафа намуда, омӯзем. Мувофиқи ахбори Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати мо бо 114 давлати ҷаҳон равобити тиҷоратӣ дошта, зиёда аз 300 корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон, Тоҷикистону Чин, Тоҷикистон ва Россия, Украина, Олмон, Корея, Англия ва дигар давлатҳо фаъолият доранд, ки дар онҳо аксариятро коргарони маҳаллӣ ташкил мекунанд. Ин корхонаҳо ва коргарони онҳо дар рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон иштирок намуда, бевосита бо роҳи додани андозҳо, музди меҳнат ба коргарон ва истеҳсоли маҳсулоти арзон, ба паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ таъсири мусбат мерасонанд. Бахусус, пайдо гаштани маданияти замонавии хоҷагидории байналмилалӣ дар корхонаҳои Тоҷикистон барои инкишофи менеҷменти касбӣ мақоми арзандаро ишғол мекунанд.
Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки мо оид ба мафҳуми «камбизоатӣ» ё худ «қашшоқӣ» бояд хеле васеъ ва амиқ андеша намоем.
Камбизоатиро аз рӯи имконот чунин баҳо додан мумкин аст:
маълумотнокӣ ва имкони гирифтани маълумот;
хӯроки зарурӣ ва кофӣ истеъмол кардан;
имконоти таваллуд дар муҳити солими экологӣ;
имкони доштани истифодаи захираҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор