Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар натиҷа маълум мегардад, ки камбизоатии ин гурӯҳи шахсон аз камбағалӣ набуда, балки аз рӯи паст будани сатҳи дониши онҳо, ҷаҳонбинию дарки фалсафии “зиндагии хуб” мебошад. Бинобар ин, масъалаи “Инкишофи башарӣ” барои ин гуна ашхос бояд фаҳмонда ва консепсияи танзими давлатӣ ва ҷамъиятӣ коркард шавад.

Гурӯҳи дигари аҳолӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо ба “камбизоатии нотавонӣ” гирифторанд, инҳо беморон, ноқисулақлон, пиронсолони бепарастор ва аҳолии миёнаумри камсавод мебошанд.

Албатта, барои ин гурӯҳи нотавон ба даст овардан ё худ пайдо кардани зиндагии хуб хеле ҳам мушкил мебошад, чунки моҳияти имконот ва қобилияти ҳар як шахс аз кӯмакрасонии дигарон ба ӯ куллӣ фарқ карда, ҳеҷ гоҳ якдигарро иваз карда наметавонанд. Албатта, барои ин шахсон мо метавонем сатҳи ҳадди ақали шароити зиндагиро дар давоми умрашон, ки хоҳ-нохоҳ кӯтоҳ мебошад, таъмин созем. Ин вазифа, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддаси оила, хешу табор, фарзандон, ҷамоатҳои деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошанд.

Ҳамин тариқ, консепсияи инкишофи башарӣ ва менеҷменти касбӣ бояд равандҳои зайлро дар бар гирад:

  1. Маҳсулнокии меҳнати одамон - чунин раванд бояд тамоми унсурҳоеро дар бар гирад, ки одамонро аз рӯи таваллуд то рӯи вафот барои меҳнати пурмаҳсул ҳидоят карда тавонад, яъне равона сохтани фаъолияти одамон ба меҳнати самаранок ва таъмини ҳақмузди боадолотона шарти асосӣ мебошад. Бинобар ин, инкишофи иқтисодӣ, шуғли аҳолӣ, музди меҳнат, ташкили шароити хуби корӣ қисми асосии консепсияи «рушди босуботи башарӣ ва менеҷмент» буда, бояд дар навбати аввал ба ин талаботҳо ҷавобгӯ бошанд.

  2. Инкишофи босубот - ин қоида дар ҳалли тамоми унсурҳои консепсияи «инкишофи башарӣ ва менеҷмент» муҳим буда, мо дар ҳалли ҳама гуна масоил на фақат шароити хуби насли имрӯза, балки шароити хуби насли ояндаамонро низ дар мадди назар бигирем.

Мисол, шахсе, ки имрӯз 55-60 сол умр дошта дар сари қудрат
мебошад, набояд фақат андешаи 5-10 соли замони роҳбариашро дошта
бошад, балки андешаи кӯдакеро, намояд, ки имрӯз таваллуд шудаасту бо

пешина
аз 522
навбатӣ