Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Вобаста ба ин, нишондиҳандаҳои зерини дараҷаи камбизоатиро метавонем муайян намоем:

ҳиссаи одамоне, ки то 5 сол, 20 сол, 40 сол умр мебинанд;

ҳиссаи одамоне, ки имкони истифодаи захираҳо, бахусус захираи оби тоза, муҳити тоза, манзилро надоранд;

ҳиссаи одамоне, ки истифода аз имкони хизматрасонии тандурустӣ надоранд;

ҳиссаи одамоне, ки имкони маълумот гирифтан надоранд.

Аз тарафи дигар, ҷамъи нишондиҳандаҳои дар боло гуфташуда адолати иҷтимоии ҷомеаро инъикос менамоянд, ки оқибат ба омили «инкишоф» мубаддал мегарданд. Бинобар ин, дар қоидаи инкишоф мо бояд ба ташкили шароити хуби маълумот барои аксари ҷомеа, ҷойҳои кории замонавӣ, диққати махсус дода, тақсим ва азнавтақсимкунии боадолатонаи захираҳоро дар байни гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ ба роҳ монем ва чунин қоидаро дар ҳамкорӣ ба давлатҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар ҳама бахшҳои ҳаёти ҷомеа, инчунин дар фаъолияти ҳар як оилаи мамлакат амалӣ гардонем.

Аз тарафи дигар, ин таъмини талаботи бехатарии одамон мебошад, ки бояд асоси фаъолияти сиёсатмадорон ва иқтисодшиносони Тоҷикистон бошад. Аз фаъолият ва ҳисоботҳо маълум мегардад, ки чунин сиёсатро аксари давлатҳои ҷаҳон, Бонки байналхалқии асъор, ТММ ва дигарон дастгирӣ менамоянд.

Масъалаи муҳими дигар ин аст, ки одамон чӣ тавр ин захираҳоро ба мақсадҳои худ истифода мебаранд. Ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки соҳибкорони тоҷик молу мулк ҷамъоварӣ намуда, хонаҳои боҳашаммат месозанд, аммо барои инкишофи маълумоти худ ё фарзандон ҳиссаи ночизе ҷудо мекунанд. Ҳодисаҳое низ ҷой доранд, ки одамон вақтҳои тӯлонӣ бе дамгирӣ фаъолияти меҳнатӣ карда, ба саломатии худ аҳамият намедиҳанд ва ба бемориҳои вазнин гирифтор мешаванд.

Бинобар мисолҳои боло, мо бояд таҳлил намоем, ки он маблағ ё худ захирае, ки одамон ба даст меоранд, ба куҷо сарф карда мешаванд ва чӣ самара медиҳанд?

пешина
аз 522
навбатӣ