Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

қабили гулпарварӣ, геранпарварӣ, лимупарварӣ, дар чорводорӣ зотҳои чорво ва паррандаҳо дар Тоҷикистон шароитҳои хуби инкишоф ва парвариш доранд.

Санадҳои таърихӣ гувоҳ мебошанд, ки ҳатто мардуми Хитойи қадим гулпарварӣ, ангурпарварӣ ва асппарвариро аз мо тоҷикон омӯхта ба ватани худ бурдаанд. Мо боварӣ дорем, ки барқарор намудани чунин як равандҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ояндаи самарнок дорад.

40.4. Талабот ба инкишофи менеҷменти корхонаҳои Тоҷикистон дар оянда

Аввали асри XXI инсоният ба давраи сифатан нави инкишоф қадам ниҳод. Садсолае, ки гузашт бо хусусияти хоси худ, яъне муҳлати тӯлонӣ вуҷуд доштани ду системаи иқтисодию сиёсии бо ҳам зид, ки ҳар яке аз худ нишонае боқӣ гузоштааст, шинохта шуд, ва дар масири таърих ҷо гирифт. Ҷаҳони иқтисодии имрӯза бо як суръати баланди рушди илмию техникӣ пеш рафта истодааст. Иқтисоди бозоргонӣ, ки ба рақобати озоди иқтисоди навоварию таваккали соҳибкорӣ асос ёфтааст, дар ҳама давлатҳои ҷаҳон дар навбати аввал ба лаёқатмандӣ, ихтисоснокӣ ва кордонии мардуми он мамлакат вобастагии калон дорад. Роҳбарии корхонаю ташкилот ва муассисаро бояд шахсоне ба ӯҳда дошта бошанд, ки қобилияти баланди идоракунӣ дошта, аз илми менеҷмент ва таҷрибаи соҳибкорию бизнес бохабар буда, аз навигариҳои илму техника хуб истифода карда тавонанд ва ба фаъолияти навоварӣ тайёр бошанд.

Мутаассифона, интихоб ва фаъолияти роҳбарони хоҷагиҳои замони шӯравӣ дар солҳои 80-90-уми асри гузашта аз муттамарказии идоракунии иқтисодӣ истифода карда, принсипҳои зарурии идоракунӣ, шаклу усули роҳбарӣ ва кордониро аз даст доданд. Қисме бо сабабҳои бепарвоӣ, қисме аз бемасъулиятӣ ва қисми дигар аз ноӯҳдабароии иқтисодӣ мамлакатро хароб карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон монандӣ ҷумҳуриҳои дигари собиқ Шӯравӣ дар ҷустуҷӯи заминаҳои иқтисоди бозоргонӣ мебошад. Дар чунин як шароит яке аз

пешина
аз 522
навбатӣ