Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
масъалаи муҳими иқтисодӣ тайёр намудани мухассисони идоракунандае мебошад, ки илми менеджментро хуб донад ва аз шаклу усули роҳбарӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ истифода карда тавонад.
Аз рӯи тадқиқотҳои мутахассисон ва коршиносону экспертҳо фақат 33%-и самаранокии иқтисодиёт аз маблағгузории таҷҳизотҳо ва зиёда аз 66% аз ақл, дараҷаи кордонӣ ва ихтисосмандии роҳбар вобаста аст. Бинобар ин, вақте расидааст, ки мо илми менеджментро аллакай аз мактаби миёна шурӯъ карда, то мактаби олӣ ва барои роҳбарони тамоми звеноҳои идоракунӣ омӯзем. Инчунин, дар мавриди молиягузорӣ қисми зиёди маблағро барои тарбияи насли нави роҳбарикунанда равона созем.
Ҳаёти соҳибкорӣ, кордонӣ ҷараёни хеле ҳам васеъ ва мушкил мебошад. Файласуфи бузург Арасту (384-322 то мелод) менависад, ки «Беҳтаршавии зиндагии мардум дар ҳама давоу замон ба риояи ду шарт вобаста мебошад:
-
Дуруст муайян кардани мақсади асосии ҳар як фаъолият.
-
Дарёфт намудани воситаҳо ва роҳҳое, ки барои ба мақсад расидан мусоидат мекунанд».
Аксари мутахассисон ва мо низ дар он ақидаем, ки «Инсонҳо характери корашонро вобаста ба муомилаи атрофиён, тағйир медиҳанд». Аз ин хотир равияи «муносибатҳои башарӣ» дар корхона барои рушди иқтисодиёт моҳияти калон дорад. Олимон ақида доранд, ки асри XXI асри «Иқтисодиёти башарӣ» мегардад. Пешравии иқтисодӣ дар навбати аввал аз дараҷаи зист, сифат ва ҳолати одамон вобастагии калон дорад. Ҳама гуна ислоҳот ва дигаргуние, ки дар ҷамъият сурат мегирад, аз он натиҷа мегирад, ки то чӣ андоза мардум ба он тайёр аст ва бевосита маълумотнокӣ, донишмандӣ, ихтисосмандӣ ва кордонии мардум, пеш аз ҳама роҳбарон, нақши муҳим мебозад.
Ба эътибор нагирифтани ин омил, сабабгори пастшавии иқтисодиёт ва хатоҳои гуногуни иқтисодӣ мегардад. Аз ин хотир ба инобат гирифтани маълумотнокии мардум, урфу одат, ҳисси миллӣ, оину дин ва маданияти мардум дар менеджмент мақоми хоса дорад.
Ислоҳоти иқтисодине, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад, пеш аз ҳама ба роҳ мондани шаклу усул ва роҳҳои дурусти идоракуние мебошад, ки самаранокии босуботи иқтисодиро таъмин карда тавонад. Албатта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор