Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дар ин раванд давлатҳои пешқадам, чун Англия, ИМА, Олмон, Ҷопон ба як қатор муваффақиятҳо ноил гаштаанд, ки ҷоизи омӯзиш мебошад. Дар ин давлатҳо мактабҳои олии бонуфуз, коллеҷҳо, шӯъбаҳои махсуси тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисоси менеҷмент фаъолият доранд. Инчунин барои муаллифоне, ки оид ба ин равия тадқиқот бурда, асар меофаранд, як қатор имтиёзҳо ва маблағҳои махсус ҷудо карда мешавад. Дар натиҷа соле қаворҳо китобҳои «Менеҷмент», «Идоракунӣ» аз чоп мебароянд, ки барои инкишофи босуботи иқтисодӣ кӯмаки калон мерасонанд.

Аз тарафи дигар дар фирмаҳои калони ИМА, Ҷопон ва Англия асоси пешравии кори ширкатро дар кордонӣ ва қобилияти менеҷери корхона мебинанд. Унсури асосии менеҷерро аз рӯи зеҳн, кордонӣ ва қобилияти он баҳо медиҳанд ва барои пайдо кардани чунин шахсон фирмаҳо маблағҳои калон ҷудо мекунанд.

Мисол: Дар Бритонияи Кабир 12 менеҷери фирмаҳои калон дар як сол то 500 ҳазор фунт стерлинг ё 5 менеҷери дигар зиёда аз як миллион доллари амрикои маош мегиранд.

Дар ИМА ва Англия фирмаҳое фаъолият менамоянд, ки чунин мутахассисони баландихтисоси қобилияти баланди менеҷерӣ доштаро ҷустуҷӯ намуда, ба корхонаҳо бо маблағи калон мефурӯшанд. Дар тамоми мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси (колеҷ) ИМА ва Ҷопон шӯъбаҳои махсуси тайёр кардан ва бозомӯзонидани мутахассисони роҳбарикунанда амал мекунанд. Ҳатто дар Донишгоҳи Джон Кенеди ИМА институти махсуси баландбардории ихтисоси роҳбарони ҳукуматӣ ташкил карда шудааст, ки онҳо роҳбарони «Дараҷаи байналхалқӣ» тайёр мекунанд. Дар Донишгоҳи Гарвард чунин як ақидае вуҷуд дорад, ки «Мактаби мо шахсони барои навоварӣ ва фаъолияти ихтироъкорӣ баркамолро тайёр мекунад». Ин мактабро аксари конгрессменҳо, вазирҳо ва роҳбарони ширкатҳои калон хатм намудаанд.

Нишони дигари омӯзиши илми роҳбариро дар менеҷмент олимон дар синну сол низ мебинанд ва дар аксар маврид синну соли 30-45 сола мувофиқи мақсад мебошад.

Дақиқкор будан — яке аз талаботҳои менеҷмент аст. Саривақт иҷро намудани ӯҳдадориҳо дар назди корхонаи ҳамкор, боварӣ ва муваффақияти менеҷменти корхона мебошад.

пешина
аз 522
навбатӣ