Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Бинобар ин, гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ моро водор месозад, ки захираҳоро аз сари нав бо шаклу тарзи нав баҳо диҳем. Дар навбати аввал малакаи донишу мақом ва ҷои худро дар ҳаёти иқтисодии мамлакат муайян карда тавонем. Аз ин нуқтаи назар дар сиёсати кадрии корхона ҳар як шахс бояд ба таври алоҳида баҳо дода шавад.
Дар пешравии кори менеҷмент интихоби кадрҳо аз рӯи синну сол, ҷинсият, кордонӣ, ихтисосмандӣ мақоми калон дорад. Махсусан интихоби занҳо дар кадрҳои роҳбарикунанда, муҳандисӣ, дипломатия проблемаи омӯзиши менеҷмент мебошад.
Гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ва шаклҳои гуногуни моликият талаб менамояд, ки аз ҳар гуна системаи бюрократӣ даст кашида, звенаҳои зиёдатии идоракуниро, ки барои пешравии кор халал мерасонад, аз байн бардорем.
Барои роҳбар вазифаи муҳим, ба коргарон фаҳмонидани мақсад, барномаи корхона ва роҳҳои ҳалли онҳо мебошад. Зарур аст, ки ҳар як коргар ин барномаро бояд ҳамчун барномаи кории худ қабул намояд. Роҳбар бояд доимо дар ҷустуҷӯи сарчашмаҳое бошад, ки хоҳиши коргаронро барои иҷрои кор зиёд намояд ва вақти кории коргарон самаранок истифода карда шавад. Вақт — ин боигарии ҳар як шахс ва ҷамъият мебошад, ки дар мавзӯъҳои гузашта мо муфассал гуфта гузаштаем.
Маълум аст, ки стратегияи тараққиёти техникӣ ба технологияи камхарҷ равона карда шудааст. Акнун вақти он расидааст, ки ба технологияи вақтӣ камистифодабарии идоракуниро ҷорӣ намоем. Ин корро аз сех, лаборатория, шӯъба, корхона ва вазоратҳо бояд ҷорӣ намоем.
Дар вақти додани супориш ва вазифаҳо низ роҳбар бояд аниқ буда, вақтро муайян созад, то иҷрокунанда масъулият ҳис намояд. Супоришу вазифаҳо бояд дақиқ ва иҷрошаванда бошанд.
Асри XXI бояд асри идоракунии техникӣ гардад. Ҳар як роҳбар аз воситаҳои техникӣ чун телефонии доимӣ, факс, компьютер, мошини нусхабардорӣ ва ғайра истифода карда, маслиҳатҳои муфиди Билл Гейтсро, ки дар китоб овардаем, бодиққат мутолиа намуда, истифода баранд.
Ғайр аз ин ҷараёни кории корхона низ бояд пурра механиконидашуда
бошад, ки бо ҷалби миқдори ками коргарон ахбори оперативии пурра гирифта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор