Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шавад. Дар айни ҳол компютер қариб дар тамоми ҷаҳон дар ҷараёни идоракунӣ ва кори корхонаҳо истифода карда мешавад, ки яке аз муваффақиятҳои калони асри XXI мебошад. Истифода аз шабакаи «Интернет» бо воситаи компютер имрӯзҳо қариб 1 млрд. шахсро дар тамоми ҷаҳон фаро мегирад.

Гуфтугӯи телефонӣ, яке аз унсури кам кардани хароҷоти вақт барои иҷрои кор мебошад ва дар фирмаҳои хориҷӣ қариб 40-50% корҳо ба воситаи телефон иҷро карда мешаванд.

Омили дигари менеҷмент ин муомила ва якдигарфаҳмии роҳбар ва шахсони итоаткунанда мебошад. Дар ин маврид боварӣ ба роҳбар мақоми арзанда дорад.

Барои он ки роҳбарро бовар кунанд, ӯ бояд:

  • дониши баланди тахассусӣ ва корӣ дошта бошад;
  • иродаи қавӣ дошта, принсипиалӣ бошад;
  • адолатпарастиро пеша намояд;
  • нисбат ба коргарони худ, ҳурмату эҳтиром дошта бошад.

Шахсияти роҳбар, муомила бо коргарон омили асосии самаранокии кори менеҷмент мебошад. Дар байни менеҷерони фирмаҳои хориҷӣ пайдо кардани шахсе, ки бо коргарон бо овози баланд сухан гӯяд ё асабӣ шавад, қариб ғайриимкон аст.

Сифати хуби шахсияти роҳбар боз дар он зоҳир мегардад, ки ростқавл ва дар сухани худ устувор бошад. Дар ин ҳолат коллектив ба ӯ бовар мекунад.

Ҳар як роҳбар обрӯю эътиборашро худаш пайдо месозад. Очеркҳои таърихӣ гувоҳанд, ки ҳатто одамони бузурги таърихӣ мунаққидҳои худро доштаанд. Менависанд, ки Петри I аксари маврид аз Сенат бо сабаби зиддиятҳои Долгоруков, Батурин ва Румянсев хеле дар ғазаб бармегашт. Рӯзе Екатерина мегӯяд, ки аз ҳамин қадар асабонӣ шудан беҳтар нест, ки онҳоро аз Сенат пеш кунед. Петр дар ҷавоб мегӯяд: «Эй нодон, агар ман онҳоро пеш кунам, пас ҳақиқатро ба ман кӣ мегӯяд?».

Омили охирин ва зарурии инкишофи менеҷменти Тоҷикистон ин «Ҳолати саломатии роҳбар» мебошад. Саломатии роҳбар 50% аз шароити зиндагонӣ, 20% аз муҳлат, 10-15% аз хизматрасонии тиббӣ вобаста аст. Роҳбари солим кафолати кори самараноки менеҷменти ташкилот мебошад.

пешина
аз 522
навбатӣ