Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Саломатӣ на фақат проблемаи шахсон, балки бахши иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва менеджмент низ ҳаст.

Омили дигаре, ки ба саломатии роҳбар ва табъи ӯ таъсир мерасонад, оила ва шароити оилавӣ мебошад. Агар дар оила оромӣ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтиром ва вазъи хуби иқтисодӣ фароҳам бошад, аввал ба табъи роҳбар ва дуввум ба саломатии ӯ таъсири мусбӣ мерасонад.

Роҳбари донишманд ва кордон муҳити хуби оилавиро низ ташкил карда метавонад. Хуб мебуд, ки агар қоидаи миқдории зиёдшавии фарзандон ба сифат гузошта, ҳар якеро солиму донишманд тарбия намоем.

Масоиле, ки дар боло номбар кардем, бахше аз муаммоҳои менеджменти Тоҷикистон ҳисоб ёфта, таҷрибаи хуби менеджменти ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки риояи ин қоидаҳо самаранокии кори менеҷменти Тоҷикистонро дар оянда таъмин месозад.

40.5. Моҳияти сарватмандӣ, инкишоф ва давлат дар замони муносибатҳои нави менеджменти Тоҷикистон

Ҳазорсолаи сеюм дар ҳаёти иқтисодии ҷаҳониён ҳамчун давраи инкишофи башарӣ арзёбӣ мегардад, яъне инкишофро фақат ҳамчун зиёдшавии ҳаҷми маҳсулот ва хизматрасонӣ баҳо додан ҳанӯз нишондиҳандаи мутлақи сарватмандӣ набуда, балки як тарафи он аст. Бо андешаи қисми зиёди иқтисодшиносони бузурги қарни XX, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, баландшавии сатҳи зиндагонии мардум буда, масоили инкишофи умумибашариро таъмин мекарда бошад, имрӯз нокифоя буданаш маълум гаштааст, чунки ин гуна баҳогузорӣ яктарафа буда, аксари равандҳои инкишофи ғайрииқтисодиро, ки барои шароити хуби зиндагонӣ зарур мебошад, дар бар гирифта наметавонад. «Зиндагии хуб»-ро дар ҳолати инкишофи босуботи иқтисодӣ таъмин кардан бартарии беш дорад, нисбат ба инкишофи босуръате, ки баъди 10-15 сол оқибатҳои даҳ ё садкаратай манфӣ меорад. Таърихи иқтисодии Тоҷикистон чунин ҳодисаҳоро дар солҳои 70-

пешина
аз 522
навбатӣ