Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

маблағҳо, ташкили хуби ҷараёни босуботи иқтисодиро фақат дар он ҷомеа ташкил кардан мумкин аст, ки агар кулли мардум босавод, мутахассис ва донишманд бошанд. Хароҷоте, ки барои ҷомеаи бемаълумот карда мешавад, ба монандӣ ба оби дарё ҳаво додани пулу мол мебошад.

Ҳамин тариқ, дар олами иқтисодӣ аллакай муайян шудааст, ки одамон на фақат қисми таркиби захираҳои иқтисодӣ, балки қувваи асосии таъминкунандаи инкишофи менеҷмент мебошанд. Аз ин нигоҳ, инкишофи ояндаи менеҷментро ҳамчун инкишофи «иҷтимоию иқтисодӣ» гуфтан лозим меояд. Чунки ин ду унсур мақоми якхеларо соҳиб гаштаанд. Вобаста ба ин ба мақсад мувофиқ мебуд агар нишондиҳандаҳои сифатии инкишофи иқтисодии ин ё он мамлакатро аз рӯи самараи иқтисодӣ, дараҷаи баланди зиндагонии мардум, давомнокии умр, маълумотнокӣ, муҳити хуби зист ва расидан ба мақсадҳои волои ҷамъиятӣ, анъанаю суннатҳои миллӣ арзёбӣ намоем.

Албатта, дар шароити имрӯзаи инкишофи Тоҷикистон баъзе аз олимон
ва шахсони масъули ҷамъиятию сиёсӣ чунин андеша доранд, ки ҳоло барои
мо расидан ба ин ҳадафҳо барвақт аст, аммо мо ба чунин ақида муқобил
буда, андеша дорем, ки дар ҳалли ҳама гуна масоили иқтисодӣ, танҳо риояи
қоидаҳои рушди босубот метавонад Тоҷикистонро ба мақсадҳои ниҳоии
ҷомеаи шукуфон бурда расонад. Сармоягузории бахши иҷтимоӣ, бахусус
барои мо тоҷикон, бояд на тавассути рӯйбардории рафтору фаъолияти
аврупоиён, балки бо мақсади барномасозии хосу волои шарқии истеҳсолот,
институтҳои маданӣ, рафтори анъанавӣ ва қобилияти баланди зеҳнии
шарқиёна равона карда шаванд. Шоири бузурги миллати тоҷик, устод Мирзо
Турсунзода ҳанӯз дар замони худ қайд карда буданд, «фаромӯш набояд кард,
ки Шарқ-шарқ асту Ғарб-ғарб». Имрӯзҳо алоқамандии инкишофи иқтисодӣ
ва иҷтимоӣ бояд талаботҳои одамонро қонеъ намуда, фаъолнокии онҳоро дар
ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таъмин намояд. Ин тарбия намудани
«Одами нав»-и фаъоли ҷамъиятӣ мебошад, ки қобилияти фикрронӣ ва дарк
карданро дошта бошад. Бо ақидаи файласуфи бузург Арасту, ки ҳанӯз ду
ҳазор сол пеш гуфта буд, «даромад ё худ инкишофи иқтисодӣ ин бойгарӣ
набуда, балки яке аз воситаи ба «зиндагии хуб», яъне «бойгарӣ» расидан

пешина
аз 522
навбатӣ