Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

аст. Мақсади ниҳоии ҳар як фард зиндагии хуб мебошад, аз ин хотир бояд мақсади ниҳоии ҳар як корхона, ташкилоти давлатӣ низ бояд баҳри таъмини он равона бошад ва ин ҳадафи асосии инкишофи иқтисодии ҳазорсолаи сеюм гардад.

Зиндагии хубро аз нигоҳи мо шахсоне ба даст меоранд, ки агар панҷ мафҳуми зеринро дошта бошанд:
❖ ватан ва озодии ҳуқуқӣ доштан;
❖ маълумотнок будан;
❖ саломатии хуб доштан;
❖ имкони истифодаи захираҳоро доштан;
❖ дар шароити хуби табиии экологӣ зистан.

Аз ин нигоҳ «Инкишофи менеҷмент»-ро ҳамчун ҷараёни васеъ шудани имконоти одамон барои «Зиндагии хуб» баҳо додан шарт ва зарур аст. Бинобар ин, мақсади менеҷмент на фақат зиёд кардани ҳаҷми маҳсулот, балки ба одамон муҳайё сохтани имконоти васеи интихоби дониш, фаъолияти касбии корӣ, саломатии хубу дарозумрӣ, ҷои зисти мувофиқ ва арзишҳои маънавӣ додан мебошад. Чунин қоидаро дар истеҳсоли молҳо, шакл, тарз ва роҳи ташкили истеҳсолот ҷорӣ намудан зарур мебошад. Баҳо додани дараҷаи зиндагии одамон ва инкишофи менеҷментро, асосан, олимон аз рӯи чор қисми таркибӣ баҳо медиҳанд:
❖ дарозумрии мардум ва саломатии хуби онҳо;
❖ ҳиссаи хонандагон дар мактаби миёна ва донишгоҳҳо;
❖ дараҷаи маълумотнокии аҳолии миёнаумр ва пиронсолон;
❖ даромади воқеии аҳолӣ ва қобилияти харидории онҳо.

Чунин нишондиҳандаҳоро барои марду зан баробар ҳисоб намудан лозим аст. Омилҳои ба ин нишондиҳандаҳо таъсиррасонандаро муайян намуда, мо хулоса мебарорем, ки иштироки фаъол надоштани зан дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат то чӣ андоза ба инкишофи ҷомеа зарар меорад. Маълумоти кофӣ надоштани зан дар онҳо ба тарбияи ояндаи кӯдакон, саломатии онҳо, сифати хӯрок ва рафтори онҳо то чӣ андоза таъсири манфӣ мерасонад, мо бояд муайян сохта ба одамон фаҳмонда диҳем.

пешина
аз 522
навбатӣ