Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
40.6. Маслиҳатҳои муфиди Дейл Корнеги1
Мондашавиро интизор нашуда, истироҳат намоед.
Дар вақти кор кардан озодона меҳнат намоед.
Агар Шумо дар хона меҳнат намоед, ба намуди зоҳирӣ ва саломатӣ диққат диҳед.
Мизи кории худро доимо аз қоғазҳои зиёдатӣ тоза намоед.
Корҳоро вобаста аз имконият иҷро намоед.
Агар дар назди Шумо масоиле пайдо гардад, онро зуд ва дар асоси факту рақам ва таҳлил ҳал намоед.
Барои аз ҳолати эҳсосотӣ ва ногувор раҳои ёфтан бо завқи баланд меҳнат намоед.
Дар хотир дошта бошед, ки то ҳол касе аз камхобӣ ҳалок нагаштааст.
Суханро барои ҳаракатҳои бовариноки мақсадрасӣ истифода намоед.
Шумо бояд ҳамаҷониба дарк намоед, ки дар бораи чӣ сухан мегӯед.
Маслиҳатҳои муфиди Аҳмади Дониш2
Он ки ба ҷиҳати зиллате ё тақсире агар бар мусулмоне ғазаб кунад, аз се рӯз зиёда таърихи авф раво надорад.
Бо сабаби таҷаббуру истило назар дар ҳарами мусулмон накунад ва бе истиэо дар миёни манозилу маҳозини раоё наравад.
Мухотаба ва муомила ба аснофи халқ бар қадри маротибу дараҷоти ҳар кас дорад.
Дар маҷолис мазори пиронро некӯ дорад.
Ҳар киро ба чизе ваъда кунад, он ваъдаро вафо кунад ва хилофи онро, албатта, раво надорад.
1 Корнеги Д. Как завоевать друзей и оказивать влияние на людей. Ростов на Дону: Изд-во. Феникс. 1996. - 672 с.
2 Аҳмади Дониш. Наводир-ул-вақоеъ. Китоби 2. Душанбе, Дониш. 1989.-340с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор