Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Қоидаи асосии модели концептуалии сарватмандӣ, инкишофи менеҷмент ва давлат бояд чунин фаҳмишро ташкил намоянд:

  • «сарватмандӣ гуфта, имконоти одамонро барои зиндагии хубе, ки
    худи онҳо мехоҳанд, метавон ҳисобид;

  • даромад на мақсади ниҳоӣ, балки воситаи ба мақсади ниҳоӣ
    расидани менеҷмент бояд бошад;

  • имконоти васеи интихоби зиндагии хуб доштан;

  • ташкили «системаи ҳимояи иҷтимоӣ»-ро вазифаи аввалиндараҷаи
    менеҷменту давлат қарор додан;

Барои ба ин ҳадафҳо ноил гаштан чунин усулҳоро истифода бурдан лозим аст:

  • таъмини адолати иҷтимоӣ дар тақсимоти даромадҳо ва захираҳо;

  • таъмини мувозинати инкишофи соҳавӣ дар иқтисодиёт;

  • таъмини сармоя барои рушди босуботи инсонӣ, бахусус дар соҳаи
    маориф, тандурустӣ ва муҳити солими зист;

  • таъмини имконот ва иштироки бевоситаи васеи одамон дар
    истифодаи захираҳо, ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии
    менеҷмент;

  • таъмини мувозинати гендерии аҳолӣ дар фаъолияти менеҷменти касбӣ.

пешина
аз 522
навбатӣ