Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
шароити худро пешниҳод карда, тез онро фаромӯш намоед. Агар роҳбари Шумо пуртаҷриба бошад, ин фикрро аз худ намуда, онро ҳамчун ақидаи худ пешниҳод менамояд. Хислати одамӣ ҳамин аст, ки нисбат ба ақидаи дигарон ба ақидаи худ бисёртар боварӣ дорад. Аз ин хотир ба Шумо зарур аст, ки ба мақсади худ бирасед, на ин ки танҳо муаллифи қарор бошед.
Усули дигари баланд бардоштани самаранокии фаъолият ин ба роҳбар бевосита таъкид накарда, бо тартиби корӣ гузаронидани қарори идоракуние мебошад, ки барои Шумо зарур ва маъқул аст. Бо чунин роҳи бозии бюрократӣ Шумо нақшаи кории худро тасдиқ карда, ба мақсади ниҳоии худ расида метавонед. Ҳолатҳои дигареро низ мушоҳида кардан мумкин аст, ки навоварӣ ва ақидаҳои пешқадами шумо хеле самаранок мебошанд ва худатон низ барои амалӣ гардонидани онҳо тайёрии хуб дидаед, вале атрофиён ва ҳатто роҳбаратон намехоҳанд, ки ин ақидаи нав амалӣ гардад. Дар ин мавридҳо аксар одамон усули пайдо кардани ҳамфикр ё шахси обрӯмандтар ё ҳамроҳи худ ҳам муаллифи ақида гирифта, мақсади асосии худро амалӣ месозад.
Бояд қайд кард, ки дар ҳама ҳолатҳо барои таъмин намудани самаранокии фаъолияти ҳар шахс дар навбати аввал бояд худаш инкишоф ёбад.
Яке аз усули таъмин намудани самаранокии фаъолияти Шумо, ин иҷрои саривақтии қарор мебошад. Бинобар ин, вақте ки масъалагузорӣ мешавад, пеш аз ҳама мӯҳлати татбиқи он бояд аниқ карда шавад. Роҳбар бояд ҳеҷ гоҳ ҳалли масъаларо дидаю дониста ба қафо напартояд, чунки саривақт иҷро накардани масоили гузошташуда боиси хароҷоти якчандқарата гашта, самаранокии кори роҳбарро паст мегардонад.
Агар Шумо ба худ боварии комил дошта бошед хуб мешуд, ки якбора қарор қабул намоед. Дар фаъолияти роҳбарӣ ҳолатҳое мешаванд, ки қарорҳо худ ба худ пайдо мегарданд, аммо дар бисёр маврид роҳбар бояд аз ду-се ва чор вариант якеро интихоб намояд.
Барои интихоби дуруст усули системавии интихобро бояд истифода бурд, яъне ҳар яке аз вариантҳоро таҳлил карда, агар зарур шуморед, фикри дигаронро низ ба инобат гирифта, баҳо дода, баъдан варианти самаранокро интихоб намоед. Ҷалб намудани дигарон дар интихоби қарори роҳбарӣ низ усули системиверо талаб менамояд. Аслан усули ғарбии қабули қарор бо роҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё