Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
овоздиҳӣ «тарафдор», «зид», «бетараф» сурат мегирад, ки ин дар Шарқ он қадар самараи хуб намедиҳанд.
Интихоби қарор якчанд давраҳоро дар бар мегирад:
❖ муайян кардани мақсад;
❖ вазифагузорӣ;
❖ таҳлили омилҳо ва имконотҳо;
❖ вариантҳои мавҷудаи иҷроиши қарор;
❖ интихоби варианти беҳтарин ва нақшагузорӣ;
❖ амалигардонии қарор;
❖ баҳодиҳии натиҷаи қарор.
Мақсадгузорӣ - мазмуни банақшагирии фаъолият дар мӯҳлатҳои стратегии дароз, ё худ миёнамӯҳлат. Гурӯҳи кориро маҷбур созед, ки ин вазифаро то охир кор карда бароянд ва шумо мақсадҳои аниқро пешниҳод ва муҳокима намоед.
Барои ин пеш аз ҳама шумо донед, ки оё:
❖ мақсади гузошта аниқу воқеӣ мебошад; ❖ мақсадҳо аз тарафе шахсоне, ки онро амалӣ мегардонанд, дастгирӣ меёбанд?
❖ мақсадҳо иҷрошавандаанд, ё не?
❖ мӯҳлати иҷрои мақсадҳо воқеианд?
❖ нақшаи иҷрои мақсад дуруст мебошад?
❖ вобаста аз ҳолатҳо мақсадҳо тағйир меёбанд, ё не?
❖ иҷрои саривақтии мақсадҳо ба вазифаи шумо таъсири мусбӣ мерасонанд ё не?
❖ барои иҷрои мақсад шуморо мукофот медиҳанд?
❖ ин мақсад ба мақсади ҳар як корманд табдил ёфтааст?
Умуман мақсадҳо бояд тарзе гузошта шаванд, ки иҷрои он барои коллектив шаъну шараф бошад. Вазифаи роҳбар пеш аз ҳама бовар кунонидани одамон барои ба мақсад расидан мебошад.
Давраи дуюми бамақсадрасӣ вазифагузориро дар бар мегирад. Барои ба
мақсади асосӣ расидан мо бояд давра ба давра, пайдарпай иҷроиши онро бо
роҳи вазифагузории кормандони алоҳида, инчунин, гурӯҳи алоҳида ва умуман
коллектив таъмин намоем. Мисол агар мақсади асосӣ - «зиёд кардани моли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё