Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
маҷалла, ё рӯзномаҳо ҷамъ оварда, дар китобхонаи худ ҷой мекардед. Дар натиҷа китобхонаи ақидаҳои нав дар хонаатон пайдо мегардид.
Унсури дигари амалигардонии санъати менеҷмент, ин истифодаи самараноки вақт мебошад. Самаранок истифода кардани вақт ва ғанимат донистани онро бузургони андеша батакрор таъкид кардаанд. Аз ҷумла, ин ақидаи Ҳофизи Шерозӣ арзишмандтарин дар ин маврид аст:
Вақтро ғанимат дон, ҳар қадар ки битвонӣ,
Ҳосил аз умр, ай ҷон, як дам аст, то донӣ.
Агар таҳлили онро дошта бошед, ки вақти Шумо чӣ тавр ва барои чӣ сарф мегардад, албатта, онро тағйир медиҳед ва реҷаи кории худро тартиб медиҳед.
Вобаста ба истифодаи вақт кори менеҷонро ба 3 гурӯҳ ҷудо мекунанд:
I - корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
II - корҳои яквақта (гузаронидани маҷлис);
III - корҳои нақшавӣ ва ташкилӣ.
Барои ба даст овардани муваффақиятҳо менеҷер то $60%$ вақти худро ба қисми III $25%$ барои қисми II ва фақат $15%$ барои гурӯҳи I сарф намоянд.
Агар менеҷер вақти сарфшудаи худро ҳар рӯз қайд кунад, маълум мегардад, ки мо бисёри вақтро барои корҳои нолозим, ё худ дуюмдараҷа ва сеюмдараҷа сарф менамоем. Мисол, вақти зиёд барои хондани почта, ҳуҷҷатҳо, навиштани ҳисоботи нолозим, маҷлисҳои дуру дароз ва ғайра.
Мутахассисони бахши менеҷмент пешниҳод менамоянд, ки менеҷер бояд корҳои худро ба 3 гурӯҳ ҷудо намояд:
- Аз чӣ бояд корро оғоз кард ва кадом корҳоро метавон иҷро накард?
- Кадоме аз корҳоеро, ки ман - менеҷер бояд иҷро кунам, имкони ба дигарон супориш додан дорам?
- Кадом корҳоро бояд худам иҷро намоям?
Агар Шумо аз ҷои кор дуртар зиндагонӣ намоед, то ба кор омадан дар роҳ сабти китоберо варақ занед, хеле самаранок мебуд. Дар алоқамандӣ бо ҳамкорон бояд, ки ҳама намуди техникаи замонавиро дошта бошед.
Ҳангоми таҳлили самаранокии истифодаи вақт Шумо метавонед, аз рӯи қоидаҳои зерин вақти худро таҳлил карда бароед:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё